Пресс-тур
Бар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7‑уми июни соли 2019 «Дар бораи боз ҳам такмил додани хизматрасонии ахбор-китобхонаҳо ба аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои ахбор-китобхонаҳо ташкил мешаванд.
Ҳоло дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятамон 16-то маркази ахбор-китобхона ташкил гардидааст. Барои марказҳои ахбор-китобхонаҳои шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Иштихон, Пахтачӣ, Каттақӯрғон ва Ҷомбой бинои алоҳида ҷудо шудааст. Дар китобхонаҳо барои хизматрасонӣ ба китобдӯстҳо ва ташкил намудани тадбирҳои маънавӣ-маърифатӣ шароитҳои мусоид муҳайё кардаанд.
Бо ташаббуси Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилояти Самарқанд, бо мақсади шиносоӣ бо корҳои дар ин бобат дар шаҳру ноҳияҳо амалигардида, пресс-тур ташкил гардид.
Имрӯзҳо дар марказҳои ахбор-китобхона 304 нафар ходим, ки 76 нафарашон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият мебаранд. Фонди умумии марказҳо 504553 номгӯй ва 968972 нусха адабиётро ташкил мекунад. Аз инҳо 393759 нусха адабиёти бадеӣ, 129843 нусха адабиёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, 1240 нусха адабиёти динӣ, маънавӣ-маърифатӣ, 1265 нусха аудио-китоб ва 15 нусха адабиёт бо алифбои брайл мебошад.
Дар марказҳо 184807 нафар китобдӯст аз адабиётҳо баҳраманд мегарданд. Аз инҳо 150626 нафар (81,5 фоиз) ҷавонони то 30‑сола мебошанд.
Ба муассисаҳо дар давоми соли гузашта китобхонҳо 302241 маротиба ташриф фармудаанд. Ба онҳо бо додани 578585 дона китоб, рӯзнома, маҷалла ва дигар захираҳо хизмат расондаанд.
Марказҳо дар давоми соли гузашта беш аз 600 тақдимоти китоб, қариб 3500 сӯҳбати гирди мизи мудаввар, тадбирҳои маънавӣ-маърифатӣ ва шабнишинҳои адабӣ ташкил намуданд. Дар чорабиниҳои мазкур беш аз 70000 китобдӯст иштирок карданд.
Журналистон дар давоми пресс-тур бо фаъолияти Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А. Пушкини вилоят, марказҳои ахбор-китобхонаҳои ноҳияҳои Тайлоқ ва Ҷомбой шинос гардиданд.
— Имрӯзҳо китобхонаи ба номи Пушкин яке аз китобхонаҳои пешсафи мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар марказ ба китобхонҳо 14 шӯъба (7 хизматрасонӣ ва 7 сектор) хизмат мерасонад. Дар китобхона бо зиёда аз 40 забон 645014 ҳазор адабиёт мавҷуд аст. Аз инҳо 627918 китоб, 4085 рӯзнома, 12058 нусха ресурсҳои электрониро ташкил мекунад. Марказ захираи адабиётҳои камёб буда, фонди умумии онҳо 9500 адад аст ва дар он 16 газета, 1963 маҷалла, 7546 нусха китоб, 349 нусха бо забони хориҷӣ, 47 китоб бо забони арабӣ ва 5 дастхати адабиёти қиматбаҳо маҳфуз аст, — гуфт роҳбари китобхонаи ба номи Пушкини вилоят Зебуннисо Шодиева.
Дар рафти пресс-тур дар марказҳои ахбор-китобхонаҳои ноҳияҳои Тайлоқ ва Ҷомбой бо иштироки китобдӯстон шеърхониҳо ташкил гардид.
Дар Ҷомбой аъзоёни клуби «Умед» шеърҳои худро қироат карда, бо иҷрои сурудҳои классикӣ ба иштирокчиён кайфияти хуш бахшиданд. Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия Қаюм Собиров иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷамшед ОБИДОВ
