Ovozi.uz

30 намуд ҳуҷҷатҳоро дар режими вақти реалӣ гирифтан мумкин аст

Аз 1-уми ноябри соли 2025 дар Портали ягонаи хизматҳои интерактиви давлатӣ ба шаҳрвандон 30 намуд маълумотҳои доир ба шахс дар режими вақти реалӣ тақдим карда мешавад. Аз ҷумла:

✅ маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ (ё доштани он);
✅ маълумот дар бораи дар қайди диспансери наркологӣ будан ё набудани шахс;
✅ маълумот дар бораи дар қайди диспансери солимии равонӣ будан ё набудани шахс;
✅ маълумот дар бораи ҷои таҳсили донишҷӯ;
✅ литсензияҳо, иҷозатномаҳо ва огоҳиномаҳое, ки ба номи шахс дода шудаанд;
✅ маълумот дар бораи соҳибкории тартиби якка (инфиродӣ);
✅ маълумот дар бораи маблағи пардохташудаи нафақа (пенсия);
✅ маълумот дар бораи мавҷуд ё мавҷуд набудани қарздорӣ роҷеъ ба ҳуҷҷати иҷро.

Асос: Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8-уми сентябри соли 2025, таҳти рақами 157.

Тимур Шамсидинов,
роҳбари шуъбаи адлияи Маркази хизматҳои давлатии ноҳияи Самарқанд