Ovozi.uz

«ОСТОНАИ САМАРҚАНД» БОЯД ОБОД ШАВАД!

Мушоҳида ва мулоҳиза

Оғози моҳи августи соли 2018. Дар толори калони ҳокимияти ноҳияи Пахтачӣ бахшида ба сарҳисоби фаъолияти «Гурӯҳи назорати ҷамоатӣ» ҷамъомад доир гардид. Дар оғоз ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов таъкид кард, ки «Ҳозир аз толор баромада, якҷоя ба вилояти Навоӣ меравем. Вақте ба Навоӣ медароем, аз тамошои кӯчаҳои тоза, обод, сарсабз, гулу гулзори ду бари роҳ чашм меболад. Аммо аз Навоӣ ба сарҳади Самарқанд ворид шавем, моро мардикорон истиқбол мегиранд. Кӯчаҳо тозаву озода не, дарахтон хушкидаанд. Дар ҳар қадам партов ба чашм мерасад. Вазъи навиштаҷоти «Самарқанд» таассуфовар аст.
Ҳар як меҳмон, ки вориди шаҳр ё вилояте мешавад, таассуроти аввалинро аз тамошои даромадгоҳ мегирад. Акнун фикр кунед, ки меҳмонон барои тамошои Самарқанд тавассути Навоӣ биёянд, дар онҳо роҷеъ ба сайқали рӯйи замин — Самарқанд чӣ хел тасаввур ҳосил мешавад? Мо бояд даромадгоҳи шаҳрро обод кунем. Вақте меҳмон меояд, худро чунин пиндорад, ки гӯё вориди биҳишт шудааст».
Ин суханҳоро, ки пештар шунида будам, беҳуда ба хотир наовардам. Ин гуфтаҳои ҳокими вилоят дар ду маврид зери гӯшам садо медиҳанд. Якум, ҳар боре ба шаҳри Навоӣ равам, ободкориҳои гузаргоҳро дида, хурсанд мешавам. Аммо дар мавриди дуввум, вақте ки тавассути шоҳроҳи М 39 «Алмаато-­Тошканд-­Тирмиз» аз теппаи Чӯпонато гузашта, чашмам ба комплекси «Остонаи Самарқанд» меафтад, табъам андак хира мешавад.
Ёдовар бояд кард, ки бунёди маҷмааи мазкур дар теппаи Чӯпонато дар доираи корҳои омодагӣ ба саммити Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соли 2022 дар шаҳри Самарқанд гузаронида шуд, оғоз гардид.
Вақте корҳои сохтмонӣ сар шуд, мутасаддиён дар ин ҷо лоиҳа-­нақшаи онро гузоштанд. Боре аз ин лоиҳа дидан кардам ва то ҳадде хурсанд шудам, ки дар даромадгоҳи шаҳр маҷмааи замонавӣ қад рост карда, ин манзил ободу сарсабз мешавад. Ва инак аз он айём беш аз се сол ва аз баргузории саммити таърихӣ қариб ду сол гузашт, аммо сад афсӯс, ки то ҳол корҳои сохтмонии маҷмааи «Остонаи Самарқанд» ба охир нарасидааст.
Қисми пеши комплекс бо тарҳи замонавии шарқиёна таъмир гардидааст. Хеле назаррабою зебост. Аммо, вақте аз дарун ва пушти комплекс дидан мекунед, димоғсӯхта мегардед.
Оинаҳои дару тирезаҳо шикастаанд.
Дарҳо даста надоранд.
Дар ҳар гӯша партов ҷамъ шудааст.
Дар дохили хонаҳо ғарами алаф ба чашм мерасад.
Вақте ин манзараи то ҳадде ҳузнангезро мебинед, аҷаб нест ба саратон чунин саволе ояд, ки то имрӯз ин ҳолатро чанд нафар дида бошанд?
Биёед, рӯ ба маълумотҳои статистикӣ оварда, тахмин мекунем. Аз рӯйи маълумоти Садорати сайёҳии вилоят соли 2023 ба Самарқанд 2 миллиону 150 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва 4 миллиону 500 ҳазор сайёҳи маҳаллӣ, дар умум қариб 7 миллион сайёҳ омадааст. Фараз кардем, аз ин миқдор тахминан 20 дарсад сайёҳони хориҷиву маҳаллӣ бо сабукравҳо тавассути теппаи Чӯпонато вориди шаҳр гардиданд. Яъне, тахминан беш аз як миллион нафар. Аз ин миқдор бигузор даҳ дарсадаш, яъне қариб 500 ҳазор нафар дар комплекси канори шоҳроҳ — «Остонаи Самарқанд», ки навиштаҷоти зебо дорад, бозистода аксбардорӣ ва аз ин ҷо дидан карда бошанд, дар се сол шумораи бинандагон 1,5 миллион хоҳад шуд. Саволе ба миён меояд: тасаввуроти нахустини қариб 1,5 миллион нафар сайёҳ пас аз дидани ин ҳолат дар бораи Самарқанд, ки чун «дарвозаи сайёҳии Ӯзбекистон», «чорроҳаи тамаддунҳо», «сайқали рӯйи замин» эътироф мекунем, чӣ хел мешавад?
Воқеан, дар теппа дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ниҳоли дарахтони гуногунро шинондаанд, ки ҳоло онҳо қад кашида, доманакӯҳ сарсабз гардидааст ва тамошои ин манзара ба кас кайфияти хуб мебахшад. Аммо боздиди гирду атрофи пур аз партови комплекс, дарҳои шикаста, ғарамҳои алафу «баклашка»-ҳо чун аксуламали ин манзараи дилкаш рӯҳи болидаро ғамгин месозанд.
Ҳар боре аз пеши маҷмааи «Остонаи Самарқанд» гузарам, дар ниҳод мегӯям, ки кай ин остонаи шаҳри куҳану ҳамешаҷавон обод мешавад? Наход дар ин ду-се соли охир ягон мутасаддӣ ба ин ҷо роҳафтода нашудааст?
Инак, боз дар кишвар мавсими сайёҳӣ оғоз гардид. Ҳамарӯза аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳазорон сайёҳ барои тамошои Самарқанд меоянд. Инчунин, дар оянда гузаронидани анҷуман ва чорабиниҳои байналмилалӣ дар назар аст. Агар дар остонаи чунин чорабиниҳои бонуфуз ва оғози мавсими нави сайёҳӣ мутасаддиён ба обод кардани «Остонаи Самарқанд» эътибор дода, дар хонаҳои комплекс нуқтаҳои фурӯши нони Самарқанд, маҳсулоти гуногуни ҳунармандӣ, қаннодӣ ва тӯҳфаҳои хотиравиро ташкил кунанд, нуран ало нур мегардид. Ҳам чанд нафар соҳиби ҷойи кор ва даромад мешуданд ва ҳам меҳмононе, ки барои тамошои шаҳри куҳан меоянд, аз боздиди ин маҷмаа дар бораи Самарқанд тасаввуроти неку хотирмон пайдо мекарданд. Бо сухани ҳокими вилоят гӯем, «худро чун дар биҳишт» эҳсос менамуданд.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД