Ovozi.uz

Тарзи идораи замонавӣ тақозо мекунад, ки раис дар асл сарвари пешсаф бошад

Ислоҳот

Ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳалла ба институти боадолат ва таъсирноке, ки ба аҳолӣ ёрии иҷтимоӣ мерасонад, назорати босамари ҷамоатиро амалӣ мекунад ва барои одамон ба сохтори аз ҳама наздики халқӣ табдил меёбад. Ҳоло барои такмили сохтори идораи давлат ва ҷамъият ба боз ҳам ривоҷдиҳии дастгирии маҳаллаҳо, ташкили босамари фаъолияти шахсоне, ки ба низоми кори маҳаллабайъ масъул мебошанд ва таъмини ҳамкории онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.
Бар асоси фармони Роҳбари давлатамон аз 1 уми декабри соли 2023 «Дар бораи чораҳое, ки ба пурра зиёд кардани нақши институти маҳалла дар ҷамъият ва таъмини фаъолияти он ба сифати зинаи якум дар ҳал кардани муаммоҳои аҳолӣ нигаронида шудаанд», «Ҳафтгонаи маҳалла», ки дар ҳайати раиси маҳалла, ёрдамчии ҳоким, сарвари ҷавонон, фаъоли зан ва духтарон, нозири профилактика, ходими иҷтимоӣ ва нозири андоз фаъолият пеш мебарад, ташкил карда шуд.
Муайян намудани захира (ресурс)-ҳои дохилии маҳалла ва сафарбар кардани онҳо додани кӯмак барои расондани хизматҳои иҷтимоӣ ва додани ёрӣ, муттаҳид, мутобиқ ва равона намудани саъю кӯшишҳои вакилони идора ва ташкилотҳои давлатӣ барои ҳалли саривақтӣ ва босамари муаммоҳо дар маҳалла, зиёд кардани имкониятҳои молиявии маҳалла, таъмини бомақсад ва манзилноки маблағҳои буҷет ва дигар, ки барои оилаҳои камбизоат пешбинӣ шудаанд, ба сифати вазифаҳои устувори «Ҳафтгонаи маҳалла» муайян гардидаанд.
Дар маҳалла, аввало истифодаи усул ва воситаҳои идора, ки ба қадриятҳо асос ёфтаанд, аҳамияти муҳим дорад. Чунки дар маҳалла аз азал қадриятҳое, ки ба некӣ, меҳру оқибат, ба якдигар додани ёрӣ равона карда шудаанд, мавҷуд аст ва онҳоро бояд ҳифз намуд.
Дар маҳалла узви «ҳафтгона»-ро босамар идора накарда, фаъолияти онҳоро сӯи мақсад равона карда намешавад. Вазифаи мазкурро бояд раисони маҳаллаҳо амалӣ кунанд, яъне раисон саъю кӯшиши вакилони дар маҳалла будаи идора ва ташкилотҳои давлатиро муттаҳид, мутобиқ ва равона намоянд. Барои ин, онҳо бояд таҷрибаи замонавии идораро азхуд кунанд, инчунин муносибатҳои замонавиро роҳандозӣ карда тавонанд.
Дар менеҷменти замонавӣ ба сохтори идора, ки ба ходимон «бо қамчин» таъсир мегузаронад, баҳои босамар гузошта намешавад. Чунки ин усул имкон намедиҳад, ки кадрҳои боистеъдод дар ташкилот ба муддати тӯлонӣ кор кунанд. Инчунин, дар ташкилот ба ноустувории кадрҳо сабаб мешавад ва ба самаранокии кор таъсири манфӣ мерасонад.
Раиси маҳалла роҳбаре ҳисоб мешавад, ки маҳалларо аз ҳар ҷиҳат бояд ривоҷ диҳад, ба фаъолияти ёрдамчии ҳоким, фаъоли зан-духтарон, сарвари ҷавонон, нозирони профилактика ва андоз, ходими иҷтимоӣ роҳбарии умумиро амалӣ намояд. Аз ин нуқтаи назар, дар ӯ хусусиятҳои пешсафӣ (лидерӣ) бояд муҷассам шавад.
Дар раиси маҳалла будани салоҳияти муттаҳид кардани одамон зарур аст. Чунки идораи «Ҳафтгонаи маҳалла» бар асоси босамарӣ ва муяссар шудан ба адолат ташкил карда мешавад. Агар яке аз онҳо мавҷуд набошад, ин ҷараёнро наметавон бомуваффақият амалӣ кард. Аъзои «Ҳафтгонаи маҳалла» ва аҳолиро идора карда, сарфи назар аз вазифа, баромади иҷтимоӣ ва ҷинс ҳар як ходими маҳалларо муттаҳид намуда, дар маҳалла ба афзудани самаранокии меҳнат муяссар шудан мумкин аст. Бо ташкил намудани ин кори боадолат ба самаранокӣ муяссар шудан барқарории ташкилотро таъмин мекунад. Инчунин, таҷриба доштани ӯ барои дар маҳалла бо маслиҳат (коллегиалӣ) қабул кардани қарорҳо, муттаҳид намудани «Ҳафтгонаи маҳалла», ба сифати воҳиди яклухт амалӣ намудани ҳар як ҷараён ва имкониятҳои аз даст дода, ба зиммаи худ гирифтани масъулият, супурдани ваколат ва масъулият, дар роҳи мақсади нек муттаҳид кардани аҳолӣ лозим аст.

Акнун ба он эътибор диҳем, ки чаро раиси маҳалла салоҳияти сарварӣ бояд дошта бошад. Аз таҷрибаи Япония маълум аст, ки амалиёти қабул кардани қарорҳо роҷеъ ба идора кардан бисёр менеҷерҳои хориҷиро ба ҳайрат меорад. Қабули қарор ба тартиби ҷамоавӣ амалӣ гардида, қарори умумӣ ба воситаи консенсус ҳал карда мешавад. Онҳо қарори пешниҳодшударо дар дохили ташкилот то ба миён омадани созиши умумӣ муҳокима карда, пас аз ба фикри якдилона, хулосаи ниҳоӣ омадан, қабул мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки дар Япония дар сохторҳои идораи васеъ паҳншуда муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инсонӣ бартарӣ доранд. Аз рӯи ин нуқтаи назар, раиси маҳалла, аввало бо аҳолӣ ва аъзои «ҳафтгонаи маҳалла» машварат карда, саъю кӯшиш, дониш ва имкониятҳои онҳоро барои муяссар шудан ба мақсадҳои дар назди ҷамоа гузошта равона карда, ба таҷрибаи идора кардан бояд соҳиб шавад.
Дар асл ин хислат ва фазилатҳо, ки ҳоло ба онҳо ҳамчун ба компетенсияҳои замонавии идора кардан менигаранд, дар инсонҳое, ки дар байни халқамон раис, оқсақол, кайвонӣ гуфта эъзоз мекарданд, инсонҳое, ки ба халқ сарварӣ кардаанд, муҷассам шудаанд, ки одамон ба онҳо ҳамроҳӣ намуда, хулосаҳои онҳоро ҳурмат мекардаанд. Ҳоло низ аҳолӣ дар маҳаллаҳо барои сарвар шудани чунин инсонҳо онҳоро раис интихоб мекунанд ва дар айни ҳол дар байни раисони ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаҳои вилоятамон, сарварони ҳақиқие ҳастанд, ки одамҳоро муттаҳид карда, «Ҳафтгонаи маҳалла»-ро бомуваффақият идора мекунанд.
Беҳзод РАҲМАТУЛЛОЕВ,
роҳбари гурӯҳи ташкилӣ — кадрҳои ҳокимияти вилоят