Ovozi.uz

Дар Туркия низ барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ноболиғон маҳдудият ҷорӣ гардид

Мувофиқи сиёсати ҷаҳонӣ, истифодаи интернет ҳарчи бештар бо тасдиқи шахсият (мисли шиноснома) анҷом дода мешавад. Кишвари дигаре, ки барои наврасон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдудият ҷорӣ кард, Туркия аст.

Комиссияи парлумон лоиҳаи қонунеро тасдиқ намуд, ки синни истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро аз 15 сол муқаррар мекунад. Интизор меравад, ки қонун ҳамин ҳафта қабул шавад. Дар он санҷиши синну сол, назорати волидайн ва баъзе маҳдудиятҳои шабака пешбинӣ шудаанд.

Тибқи қоидаҳои нав, кӯдакони то 15-сола наметавонанд аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд. Ширкатҳо бояд ҳатман синну соли корбаронро тафтиш кунанд.

Барои наврасони аз 15 боло, вале ҳанӯз ноболиғ, хизматрасониҳои алоҳида пешниҳод мешаванд. Тафсилоти онҳо ва чораҳои амниятӣ дар сомонаҳои расмии ширкатҳо нашр мегарданд.