Ovozi.uz

Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии доруҳо пурзӯр карда мешавад

Дар кишварамон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии гардиши ғайриқонунии доруҳои бе кафолати сифат, инчунин таҷҳизоти тиббии бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷониби мақомоти гумрук чораҳои мунтазам амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, як ҳолати навбатии қонуншиканӣ аз ҷониби кормандони пости гумрукии сарҳадии «Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд» ошкор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷ ва борҳои дастии мусофире, ки бо авиарейси «Сиан–Самарқанд» ба кишвар ворид шуда буд, дар ӯ мавҷуд будани доруҳои бе назорати гумрукӣ воридгардида маълум шуд.

Дар ҷараёни санҷиш муайян гардид, ки дар маҷмӯъ 184 қуттии доруворӣ ба таври ғайриқонунӣ ворид карда мешуд. Тибқи ҳисобҳои аввалин, арзиши тахминии ин доруҳо ва молҳои тиббӣ 184,4 миллион сӯмро ташкил медиҳад.

Ҳоло роҷеъ ба ин ҳолат аз ҷониби мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳои дахлдори расмӣ тартиб дода шуда, санҷишҳои пешазтафтишотӣ идома доранд.

Ҳамчунин бояд хотиррасон намуд, ки тартиби ворид ва содир намудани доруҳо ва молҳои тиббӣ аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ барои истифодаи шахсӣ бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8-уми июни соли 2016, таҳти рақами 191 муқаррар шудааст. Риояи ин талабот барои ҳар як шаҳрванд ҳатмист.