Ҳоло дар ҳудуди «Хоҷагии ҷангали Дарғам»-и ноҳияи Тайлоқ фестивали занбӯри асалпарварӣ баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур кормандони масъули як қатор ташкилоту идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, аҳли ҷамоатчигии васеъ иштирок менамоянд.
Дар доираи фестивал маҳсулоти мухталифе, ки дар соҳаи занбӯри асалпарварӣ истеҳсол мегарданд, ба намоиш гузошта мешаванд. Ба иштирокчиён дар бораи равандҳои тайёрӣ, нишондиҳандаҳои сифат ва хусусиятҳои фоиданоки асали табиӣ, прополис ва дигар маҳсулот маълумоти муфассал дода мешавад.
Иштирокчиёни чорабинӣ дар баробари тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ имкони шиносоӣ бо таҷрибаи занбӯри асалпарварон ва усулҳои замонавии инноватсиониро доранд.
Дар доираи фестивал барои рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ дар вилоят семинар низ ташкил карда шудааст.
Дар чорабинӣ дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» намоишгоҳи ниҳолҳо ташкил гардида, дар майдони 1 гектари ҳудуди мазкур «Боғи ҷавонон» бунёд карда шуд.
