Ovozi.uz

Тарғиби ҳуқуқҳои занону духтарон ва кӯдакон

Дар Институти агроинноватсия ва тадқиқотҳо вохӯрии тарғиботӣ баргузор шуд. Ин чорабинӣ бо иштироки роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, директори Институти демократия ва ҳуқуқи инсон Сайёра Хоҷаева, инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони шӯъбаи оила ва занони ноҳия доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мазмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3-юми марти соли 2026, таҳти рақами ПФ–33, «Дар бораи тадбирҳои иловагии ташкиливу ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои занону кӯдакон ва пешгирии зӯроварӣ нисбати онҳо» шарҳ дода шуд.

Иштирокчиён, аз ҷумла донишҷӯён ва фаъолон, доир ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз қабили пешгирии никоҳи бармаҳал, дастгирии оилаҳои дар остонаи ҷудошавӣ қарор дошта ва мусоидат ба оштӣ миёни ҳамсарон, инчунин ихчамсозии маъракаҳои тӯй ва дигар маросимҳои оилавӣ мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки чунин тадбирҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими муҳити солими оилавӣ аҳамиятнок аст.