Ovozi.uz

Ватанро беҳ аз ҷон шумурдан — шараф!

Шоир, нависанда ва публитсист Баҳодури Убайдуллоҳ (Раҳмонов) соли 1983 дар маҳаллаи Боғибаланди шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст.

Муаллифи рисолаи илмии «Инсоннинг руҳий-маънавий ўз-ўзини ташкиллаштиришининг фалсафий илдизлари» («Решаҳои фалсафии ташаккули рӯҳию маънавии инсон»), монографияи ҷамоавӣ таҳти унвони «Синергетика» ва китобҳои насрии «Отамнинг сабоқлари» («Сабақҳои падарам»), «Қирқ йиллик тарбия» («Тарбияи чилсола»), инчунин, маҷмӯаи шеърҳои «Чашмаи ишқ» (2008), «Фарҳанги падар» (2014), «Ватани бахт» (2019) мебошад.

Баҳодури Убайдуллоҳ доктори фалсафа аз рӯи фанҳои фалсафӣ ва узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон аст. Вай аз соли 2017 то ҳол вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд»-ро иҷро менамояд.

Инак чанд намунаи шеърҳои ӯро пешкаши ҳаводорони каломи бадеӣ мегардонем.

Ӯзбекистон

Ҷаҳонро як ҷаҳонӣ, Ӯзбекистон,
Шарафманди замонӣ, Ӯзбекистон.

Ливоят дар само истораи ҳур,
Ҳумои комронӣ, Ӯзбекистон.

Нигоҳи файзбори мардуматро,
Чу меҳри нурфишонӣ, Ӯзбекистон.

Камоли дӯстии халқи дунё,
Ҳабибу ҳамзабонӣ, Ӯзбекистон.

Чу накши сӯзании модари ҷон
Зи хушрӯзӣ нишонӣ, Ӯзбекистон.

Сиришки шодиҳоят шабнами гул,
Сурури боғбонӣ, Ӯзбекистон.

Зи муштам кӯҳи душман хок гардад,
Ҳамеша дар амонӣ, Ӯзбекистон.

Ҳамеша зиндаем аз ишқи покат,
Ҳамеша зинда монӣ, Ӯзбекистон.

Ҳабиби Ватан

(Эҳдо ба муносибати 105-солагии шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ)

Агар аз далерӣ бигӯям сухан,
Ба ёдам расад он Ҳабиби Ватан.

Ҳабибе, ки бар аҳди худ устувор,
Ватанро ҳимоят намуд мардвор.

Агарчӣ зи тири адӯ шуд ҳалок,
Варо дар замираш набуд ҳеч бок.

Чу шерафкану шермарди Ватан
Ватанро сипар гашт бо ҷону тан.

Қадам бо қалам зад ба майдони ҷанг,
Ки душман биафтод бар ҳоли танг…

Зи тири фашистон нагашта хароб,
Ба хуни равонаш навишт ин хитоб:

“Разило, ки ларзонӣ амсоли барг,
Ҳабиби Ватанро натарсон ба марг.

Барои Ватан ҷон супурдан — шараф,
Ватанро беҳ аз ҷон шумурдан — шараф!

Қасам бар Самарқанди ҷонам, қасам,
Ки фарзанди содиқу мардаш манам!

Наҷӯед, азизон, дигар гӯри ман,
Намирам зи ишқи Ватан ҳеҷ ман…”

Худоё, чунин қаҳрамонони ҷанг
Намиранд, барҳақ, зи тиру туфанг.

Ҳамон дар дилу дидаҳо арҷманд
Ҳабибони кишвар абадзиндаанд…

***

Зиндагӣ бечора асту чора меҷӯем мо,
Аз гилу аз об санги хора меҷӯем мо.

Дар нишебу дар фарози умр то раҳ ёфтем,
Аз хурӯсак гаҳ пари тайёра меҷӯем мо.

Сӯхт чашми офтобу нотавон бо сояаш,
Аз нигоҳи моҳтоб истора меҷӯем мо.

Бо нигоҳи ғайр аз ойина рӯ бартофтем,
Боз аз худ талъати наззора меҷӯем мо.

Бас ҳабибему табибему валекин ноилоҷ,
Ҷонпаноҳи хеш аз хунхора меҷӯем мо.

Зиндагӣ дар хандаи сандуқи чӯбин будааст,
Гиряи тифлак чу аз гаҳвора меҷӯем мо.

***

Мешитобам аз шитоби зиндагӣ,
Дар азобам аз азоби зиндагӣ.

Мешуморам рафту оӣ рафтуо,
Гум ҳисобам аз ҳисоби зиндагӣ.

Чанд рӯзе аз тамошои ҷаҳон,
Завқи чашмонам ба хоби зиндагӣ.

Пардаи чашмони рангинам бисӯхт,
Аз нигоҳи офтоби зиндагӣ.

То бихонам аз хати ожангҳо,
Ҳикмату рои китоби зиндагӣ.

Ханда кардам бар суоли рӯзгор,
Гиря омад аз ҷавоби зиндагӣ.

Кош медонистам он фардои худ,
Рост мегаштам зи тоби зиндагӣ.

Овози Самарқанд

Ба ҳар як маҳфили халқи Самарқанд,
Ки ҳамроз аст “Овози Самарқанд”,
Чу дастархони мизи илму фарҳанг,
Дар эъзоз аст “Овози Самарқанд”.

Зи мазмуни васеъаш кай шавӣ танг,
Ҷилояш дар назар зебову хушранг.
Садои халқро бошад ҳамоҳанг,
Хушовоз аст «Овози Самарқанд».

Зи захми вақт худфарсост чун дил,
Вале бар халқ рӯҳафзост чун дил,
Сафобахшандаи дилҳост чун дил,
Чу анбоз аст «Овози Самарқанд».

Ба ҳар сатраш, ки хатти хомаи рӯз,
Ба ҳар сатраш ғаму ҳангомаи рӯз,
Ба ҳар манзил расонад номаи рӯз,
Чу дар тоз аст «Овози Самарқанд».

Баҳодури Убайдуллоҳ