Ovozi.uz

Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуд

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва суръат бахшидан ба рушди соҳаи сайёҳӣ» қабул карда шуд.

Қарори мазкур барои таъмини рушди муназзам ва устувори бахши сайёҳӣ ҳамчун сектори муҳими стратегӣ дар иқтисодиёт, такмили минбаъдаи идоракунии давлатӣ дар ин соҳа, беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ хизмат мекунад.

Мувофиқи Қарор, ҳадафҳои асосии рушди бахши сайёҳӣ то соли 2030 муайян карда шуданд:

  • афзоиши саҳми бахши сайёҳӣ дар маҳсулоти умумии дохилӣ аз 3,5 дарсади кунунӣ то 7 дарсад;
  • зиёд намудани шумораи солонаи сайёҳони хориҷӣ аз 10 миллиони кунунӣ то 20 миллион, аз ҷумла афзоиши ҷараёни сайёҳони дорои қобилияти баланди пардохтпазирӣ;
  • афзоиши ҳаҷми солонаи содироти хизматрасонии сайёҳӣ то беш аз 6 миллиард доллари ИМА;
  • беҳтар кардани алоқаи нақлиётӣ байни шаҳрҳои сайёҳии Ӯзбекистон, зиёд кардани шумораи парвозҳои дохилӣ ва ҳадди ақал 3 баробар кам кардани вақти сафар;
  • 2 баробар зиёд кардани шумораи меҳмонхонаҳои 4 ва 5-ситорадор;
  • истифодаи пурраи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ тавассути дивертификатсияи хидматрасонӣ ва маҳсулоти сайёҳӣ;
  • омода кардани бренди машҳури сайёҳии Ӯзбекистон дар ҷаҳон ва ҷорӣ намудани воситаҳои нав барои таблиғи маҳсулоти сайёҳии миллӣ.