Ovozi.uz

Зиндагӣ бо меҳр зебост

Ҳар як инсон ба воситаи меҳр ва муҳаббат зиндагии худ ва аҳли оилаашро хуш гузаронида, даври пирии роҳатбахши ояндаро кафолат бахшида метавонад. Дар оилае, ки муҳаббат, садоқат, рафоқат, меҳру оқибат ҳукмфармост, бачаҳо тарбияи нағз мегиранд. Фарзандони чунин оилаҳо девори оиларо мустаҳкам нигоҳ дошта, дар ҷамъият ҷои муносиби худро меёбанд ва барои равнақи халқ хидмат менамоянд.
Марди оқилу вафодор дар мушкилиҳои оилавӣ бо мизони адолат кор мекунад. Одаме, ки муҳити оилавии солим дорад, ба дигарон ҳам намунаи ибрат шуда метавонад.
Афсӯс, ки баъзе одамон аз паи нафс рафта, оилаи гул барини худро пароканда ва ҳаёти осоиштаи худро ноором мекунанд. Ҳам дар назди халқ ва ҳам дар назди Холиқ рӯсиёҳ мешаванд.
Солҳои охир дар байни оилаҳои навбунёд ҳолатҳои талоқдиҳӣ ва барбод рафтани оилаҳо бисёр ба мушоҳида мерасад. Аз ин кӣ ҷабр мебинад? Аввалан, фарзандони зиндаятимгардида. Магар шумори занҳое, ки бесаробон монда, барои кор ба хориҷа ё ба роҳҳои бад рафтаанд, кам аст? Сабабгори чунин муаммоҳо мардоне ҳастанд, ки аз масъулияти оиладорӣ хабар надоранд.
Аксар моҷароҳои оилавӣ, низои зану шавҳар, номуросоӣ бо хусуру хушдоман аз бемаърифатӣ ва беодобӣ сар мезананд. Маншаи ҳамаи низоъҳо норасоии меҳр мебошад. Бадтар аз ҳама, бештари моҷароҳои оилавӣ бо баҳонаҳои ночиз оғоз мешаванд.
Баъзеҳо аз ҳамсари худ нолида, дарди дилашонро дар назди дӯсту душман дастурхон ва сирри оиларо фош мекунанд. Аз ин рӯ, боиси хандаву муҳокимаи дигарон мешаванд.
Мо намояндагони маҳалла ба оилаҳои ноором рафта, сӯҳбат мегузаронем, ҳалли муаммоҳоро меҷӯем, насиҳат мекунем ва то ҳадди имкон онҳоро ба созиш меорем. Дар зиндагӣ камакак меҳр ҳам ҳаёти одамиро тағйир дода метавонад.
Дар замони мо масъалаи китобхонӣ ба муаммо табдил ёфтааст. Мо бояд ба кӯдакон афсона хонем. Эҳтиром ба падару модар, илму доништалабӣ, муносибатҳои хуб бо дигарон ба воситаи афсонаҳо ҳам шакл мегиранд.
Танҳо китобхонӣ не, мушоҳидакориро ҳам ба бачаҳо омӯзонидан лозим аст. Дар урфият мегӯянд, ки «Ҳусни зан на дар пардоз, балки дар ақл аст». Мо фарзандонро бояд боақлу боодоб тарбия кунем, зеро онҳо ояндаи ҷамъяти мо мебошанд. Ба мисли ояти 14‑и сураи Тоҳо: «Эй Парвардигори ман, илми маро биафзой!» гӯён дуо кунем. Расули Худо (с) ҳам дар ҳадисҳо фармудааст, ки илм талабидан барои ҳар як марду зани мусалмон фарз аст.
Падару модарон бояд дар ҳар гуна шароит ҳам завқи фарзандро ба китобхонӣ бедор кунанд. Чунки фикру мулоҳиза, андешаву ҷаҳонбинӣ, рафтору гуфтори шахси бомаърифат аз дигарон тафовут ва афзалӣ дорад. Фарзандон соҳибмаърифат шаванд, муаммоҳои зиндагӣ, ташвиши рӯзгор, пастиву баландиҳои тақдирро наҳаросида, бо ақлу заковат ва бо ормиву осудагӣ паси сар мекунанд. Мо волидон барои ҳаёти хуби фарзандонамон бояд даркушоӣ кунем, на дарбандӣ.

Сафия ҲАЙИТОВА,
отинбибии маҳаллаи Даштиободи ноҳияи Самарқанд.