Антонио Вивалди яке аз нобиғаҳои таърихи мусиқӣ ба шумор меравад ва эҳтимоли пайдо кардани одаме, ки лоақал як офаридаи ӯро ҳам гӯш накардааст, хеле кам мебошад.
Антонио 4‑уми марти соли 1678 дар Ҷумҳурии Венетсия, дар оилаи Ҷованни Баттистаи сартарош ва Камилла Каликкио таваллуд шудааст. Азбаски тифли навзод ду моҳ пеш аз муҳлат таваллуд ёфт, хеле заиф буд. Аз ин рӯ, ӯро фавран пас аз таваллуд таъмид (мувофиқи маросими махсус дар калисо ғусл додани кӯдак) карданд. Баъдтар табибон ба ӯ «тангшавии қафаси сина» ё астмаро ташхис гузоштанд. Дар оянда ин ба Вивалди имкон надод, ки созҳои нафасӣ навозад.
Ба Антониои ҷавон аввалин дарсҳои навозандагиро худи падараш омӯхт. Писар чунон донишомӯзи боистеъдод буд, ки аз соли 1689 гоҳо ба ҷои падараш дар калисо мусиқӣ менавохт.
Вивалди дар назди худ мақсад гузошт, ки дар оянда рӯҳонӣ шавад. Аммо, ин ба ӯ монеъ нашуд, ки таҳсили мусиқии худро идома диҳад ва ҳарду касбро якҷоя пеш бурд.
Аммо, фаъолияти калисоии Вивалди аз сабаби саломатии бадаш хуб пеш нарафт. Ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар Консерваторияи Венетсия дарс диҳад. Ӯ ба донишҷӯён мусиқиҳои динӣ ва дунявиро таълим дод. Дар он солҳо Вивалди асарҳои зиёд, аз ҷумла консерт, кантата, сонат ва ораторияҳо навишт. Соли 1704, илова бар вазифаи таълими скрипка, ӯ муаллими алт таъин шуд. Cоли 1716 А.Вивалдиро директори консерватория таъин карданд ва ӯ масъули ҳамаи бахшҳои мусиқӣ гардид. Вивалди дар солҳои 1710‑ум ҳамчун оҳангсоз шуҳрат пайдо кард. Аз соли 1713 ба омӯзиши композитсияи опера шурӯъ намуд. Ӯ «Оттон дар Вилла» ва «Роланди девонанамо»-ро навишт, инчунин дар тӯли панҷ соли баъдӣ боз ҳашт операи ӯ ба саҳна гузошта шуданд.
Соли 1717 Вивалди пешниҳоди дарбори Капелмейстери шоҳзода Филипп Гессен-Дармштадт шуданро қабул кард. Таҳти таъсири муҳити шаҳри Мантуе силсилаи машҳури консертҳо бо скрипка «Фаслҳои сол» ба вуҷуд омаданд.
Вивалди дар Мантуе бо сарояндаи опера Анна Жиро шинос шуд. Хоҳари Жиро — Паолина оҳангсозро дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ ва саломатии ӯро назорат мекард. Вивалди аз ҳамлаҳои астма азият мекашид. Ҳарду духтар дар Венетсия бо Вивалди дар хонаи ӯ зиндагӣ мекарданд, ки ин боиси хашми рӯҳониён шуд, зеро Вивалди ҳам рӯҳонӣ буд. Аммо, худи Вивалди ҳама гуна ғайбат ва тахминҳоро рад мекард.
Яке аз мухлисони Вивалди файласуф ва нависанда Жан-Жак Руссо буд, ки баъзе аз асарҳои оҳангсозро дар флейта иҷро менамуд. Император Чарлз VI низ дар байни мухлисони оҳангсоз буд ва дар солҳои 1730 Вивалди фикри кӯчидан ба Вена ва ишғол кардани мақоми оҳангсоз дар дарбори императорро пайдо кард. Барои ҷамъоварии маблағ барои сафар, ӯ маҷбур шуд, ки дастнависҳои худро бо нархи ночиз фурӯшад. Шуҳрати Вивалди коҳиш ёфт ва дигар дар Венетсия он қадар овозадор набуд. Бадбахтиҳо ба мусиқинавозӣ таъсир расонданд: чанде пас аз расидан ба Вена, Чарлз VI вафот кард ва ҷанги ворисӣ ба тахти Австрия оғоз ёфт. Вивалди барои ҷустуҷӯи кори нав ба Дрезден рафт, аммо бемор шуд. Ӯ ба Вена дар ҳоли бемории шадид, фақир ва аз хотирҳо фаромӯшшуда баргашт. Вивалди 28‑уми июли соли 1741 вафот кард ва дар як қабри оддии қабристони фақирон дафн карда шуд. Мероси мусиқии Вивалди қариб 200 сол ҳеҷ кас ба хотир наовард. Танҳо дар солҳои 1920‑ум мусиқишиноси итолиёвӣ Ҷентили беназирии дастнависҳои оҳангсозро кашф кард: нуздаҳ опера, беш аз 300 консерт ва асарҳои сершумори вокалии динӣ ва дунявӣ. Гумон меравад, ки Вивалди дар тӯли умри худ беш аз 90 опера навиштааст, аммо танҳо 40‑тои онҳо пурра тасдиқ шудаанд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ.СОДИҚОВ
