Имрӯз, 15-уми март, дар Қазоқистон раъйпурсии умумимиллӣ оид ба қабули Конститутсияи нав баргузор мешавад. Фармон дар бораи баргузории ин раъйпурсӣ аз ҷониби президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев 11-уми феврали соли 2026 имзо шудааст.
Дар ҷараёни раъйдиҳӣ, ки дар беш аз 10 ҳазор участкаи раъйдиҳии саросари кишвар ташкил шудааст, шаҳрвандон мавқеи худро дар масъалаи дастгирӣ ё рад кардани лоиҳаи Конститутсияи нав баён мекунанд. Ин ҳуҷҷати нав барои навсозии низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти ниҳодҳои сиёсӣ равона шудааст.
Тибқи иттилои телеграм-канали «Халқ сӯзи», ки ба маълумоти «Kazinform» такя намудааст, шумораи интихобкунандагоне, ки ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ доранд, беш аз 12,4 миллион нафарро ташкил медиҳад. Агар Конститутсияи нав тавассути раъйпурсӣ қабул карда шавад, санаи қабули он метавонад ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Қазоқистон қайд карда шавад.
Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев низ дар раъйпурсии умумимиллӣ оид ба лоиҳаи Конститутсияи нав овоз дод.
