Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар мусоҳиба бо сармуҳаррири рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев дар бораи натиҷаҳои сафар ба Фаронса ва Италия ҳикоя кард.
— Адиз Музаффарович, самарқандиҳо, бештар фаъолон ба шаҳри Париж барои иштирок дар сессияи 47‑уми кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ рафтани шуморо бо диққат мушоҳида карданд. Бо вуҷуди ин, таассуротҳои сафарро ба воситаи рӯзномаамон бо муштариён баҳам медидед…
— Аввало, ҳаминро бояд гӯям, ки ташрифи мазкур ҳеҷ паҳлӯи ғайритабиӣ надорад. Дар мамлакатамон баробари беҳдошти муносибат ба мероси маданӣ, обод намудани атрофи объектҳои таърихӣ, корҳои ба зиёратгоҳ табдил додани онҳо амалӣ карда мешаванд. Ғайр аз ин, афзудани даромад аз сайёҳӣ, моро даъват мекунад, ки айнан обидаҳои меъмории дар эътибор бударо обод кунем. Чунин нақшаҳо, албатта, дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО амалӣ шудаанд ва пас аз ин ҳам ҳамин тавр идома дода мешаванд.
— Яъне, ба Париж бо нақшаҳои муайян рафта шуд.
— Ҳамин тавр. Барои тасдиқ намудани нақшаҳо роҷеъ ба ободонии атрофи маҷмӯи Имом Мотуридӣ ва дар он ҷо барои зиёратчиён фароҳам овардани шароити мусоид рафта будем. Ғайр аз ин, лоиҳаҳои корҳои тармим (реставратсия)-ро, ки дар маҷмааҳои Регистон, Шоҳи Зинда, Амир Темур амалӣ мешаванд, низ тақдим намудем.
— Дарвоқеъ, аз рӯи тағйиротҳо дар атрофи ёдгории Имом Мотуридӣ фикрҳои мухталиф баён шудааст.
— Аз ин гапҳо хабар дорам. Вале онҳо беасосанд. Сухан танҳо дар бораи ободонии атрофи ёдгорӣ не, балки беҳдошти тарзи зиндагии аҳолӣ, ки дар ин ҷо истиқомат мекунад, низ меравад. Баъзе одамҳо дар вақташ дар лаби ҷӯи калон хонаҳо сохтаанд. Дар он ҷо илоҷи гузарондани на ҷӯй ва на канализатсия ҳаст. Обҳои партов бевосита ба канал ҷорӣ мешаванд. Ин муамморо бо иштироки мутахассиси вакилони ЮНЕСКО низ омӯхтанд ва онҳо пешниҳодҳои моро пазируфтанд. Чунки мо ба аҳолие, ки хонаҳояшон вайрон мешаванд, хонадонҳои шароиташон хеле хуб медиҳем.
— Яъне, дар сессияи навбатии 47‑уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО сухан дар ҳамин бора буд?
— Танҳо ин не. Дар ҷамъомади кумита ҳисоботи мо «Дар бораи ҳолати ҳифзи объектҳои таърихӣ зери шиори «Самарқанд — чорраҳаи маданиятҳо» баррасӣ гардид. Ҳамаи онҳое, ки дар сессия сухан гуфтанд, ба корҳои дар Ӯзбекистон зери роҳбарии Президент Ш.Мирзиёев роҷеъ ба ҳифзи мероси таърихӣ амалишаванда баҳои баланд доданд. Аз ин ҳамаи мо хеле хурсанд шудем. Дар Самарқанд афзудани ҷараёни омадани сайёҳони хориҷӣ айнан самараи дастовардҳо дар ин самт дониста шуд. Саъю ҳаракатҳои мо роҷеъ ба ҳифзи объектҳои нодири умумибашарӣ дар Ӯзбекистон эътироф гардид.
Мутахассисони ЮНЕСКО арз намуданд, ки агар ин корҳо пайваста идома дода шаванд, онҳо тайёр ҳастанд ба мо то ҳадди имкон ёрӣ диҳанд.
— Бо директори Маркази мероси ҷаҳонӣ Лазар Ассамо низ вохӯрӣ баргузор гардидааст.
— Ин мулоқоти хеле самимӣ шуд. Пешниҳодҳои роҳбари давлатамонро роҷеъ ба ҳифз ва ободонии объектҳои таърихӣ дар Самарқанд, фароҳам овардани шароити мусоид ба зиёратчиёнро ба миён гузоштем. Лазар Ассамо ободонии атрофи ёдгории Имом Мотуридӣ, лоиҳаҳо роҷеъ ба тармими маҷмааҳои Регистон, Шоҳи Зинда ва Амир Темур пешбинишударо маъқул кард. Дар муддати наздик барои ин корҳо тавсияҳои мутахассисони Маркази мероси ҷаҳониро мегирем.
— Дар қароргоҳи ЮНЕСКО роҷеъ ба синни шаҳри Самарқанд низ сухан рафт.
— Сухани оддӣ не, калон гуфта шуд. Кофтуковҳои бостоншиносӣ, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон дар шаҳри Самарқанд гузаронда шуданд ва пухта омӯхтани манбаъҳо ба мо далелҳои навро тақдим намуданд. Бинобар ин, мо ба назди мутахассисони ЮНЕСКО далелҳоро оиди ба 3 ҳазор сол расидани таърихи кӯҳнаи шаҳри мо гузоштем. Онҳо аз ин кори мо мамнун шуданд ва гуфтанд, ки агар лозим шавад, дастгирӣ мекунанд. Насиб бошад, дар сессияи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки моҳи ноябри соли равон дар Самарқанд баргузор мегардад, ба ин ҷараён роҳи сафед дода мешавад. Муштариён, албатта, аз фаъолияти гурӯҳи корӣ, ки синни Самарқандро меомӯзад, хабар доранд ва ин корро пайваста давом медиҳанд. Дар ин ҷо бояд боз як гапро гӯям. Масҷиди ҷомеи Амир Темур (мадрасаи Бибихонум) бисёр сол боз таъмир нашудааст. Барқарор намудани ҳолати қадимаи он яке аз масъалаҳои муҳим буда, бо вакилони ЮНЕСКО роҷеъ ба ин масъалаҳо низ гуфтугӯ карда, ба мувофиқа расидем. Росташро гӯям, вакилони Кумитаи махсуси ЮНЕСКО аз ин пешниҳоди мо хеле хурсанд шуданд.
— Мувофиқи хабарҳо, шумо дар Париж бо соҳибкорон низ мулоқот кардаед.
— Бо ҷонишини мэри шаҳри Париж Арно Нгатча вохӯрдам. Бо вай масъалаҳои ҳамкории байни ҳамро баррасӣ намудем. Ва албатта, таҷрибаҳои вобаста бо фаъолияти органҳои идораи маҳаллиро баҳам дидем. Дар Париж ширкат (компания)-и бузурге бо воридот ва содироти меваҳои хушк машғул будааст. Мо бо директори тиҷоратии он дар масъалаи содироти мавиз, чормағз ва меваҳои хушки навъи дигари Самарқанд ба Фаронса ба мувофиқаҳои муайян расидем.
— Адиз Музаффарович, акнун дар бораи вохӯриҳо дар Италия ҳарф мезадед…
— Хабар доред, президенти вилояти Ломбардия Атилио Фонтана ҳангоми ташриф ба мамлакатамон дар Самарқанд ёдгориҳои меъмориро зиёрат карда буд. Дар мулоқотҳо бо роҳбари давлатамон роҷеъ ба ҳамкории байниҳам ба мувофиқаҳо расида буданд. Сафари мо ҷавобан ба ҳамон ташриф шуд гӯям, саҳв намекунам. Ҳатто А.Фонтана сӯҳбатҳои самимии худро бо Ш.Мирзиёев ба ёд оварда, ҳаракати ба чунин ҳамкорӣ суръат бахшиданро маъқул донист. Бо иштироки соҳибкорони Италия бизнес-форуми муштарак ташкил намуданд.
— Дар ин чорабиниҳо барои манфиати вилояти Самарқанд чиҳо муяссар шуд?
— Аксарияти корхонаҳои вилояти Ломбардия ашёи хомро аз давлати Хитой мегирифтаанд. Соҳибкорони ин кишвар ҳангоми сафар ба мамлакати мо дидаанд, ки дар Самарқанд низ чунин ашёи хом бисёр аст. Бинобар ин, мувофиқаи аввал айнан бо расонда додани ашёи хом ба корхонаҳои Италия вобаста буд. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ломбардия маркази рушди бизнеси хурд ва миёна ташкил мекунем. Дар он аз рӯи соҳаи муайян дониш ва таҷриба иваз мекунанд. Ломбардиягиҳо дар ноҳияи Булунғур дар майдони 60 гектар минтақаи махсус ташкил намуда, ҳамкориро дар соҳаҳои бофандагӣ роҳандозӣ мекунанд. Италиягиҳо инчунин, хоҳиши дар сохтмони шаҳраки замонавии «Ширин» ҷалб намудани ширкатҳои худро изҳор карданд. Табиист, ки дар Самарқанд ресторан ва мағозаҳои хӯроквории Италия кушода мешаванд. Боз як навгонӣ: авиаҳаракатҳо дар самти «Самарқанд — Милан» роҳандозӣ мегарданд. Соҳибкорони италиягӣ пешниҳод намуданд, ки дар соҳаҳои тиб, муҳоҷират, кирмакпарварӣ, саноати сабук ва истихроҷи маъдан низ ҳамкорӣ кунанд ва бар асоси ин таклифҳо «харитаи роҳ» таҳия гардид.
— Мувофиқи хабарҳо дар форуме, ки бо соҳибкорони италиягӣ баргузор шуд, дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо ва сайёҳӣ низ ба хеле мувофиқаҳо расида шуд.
— Рост, бар асоси ҳамкории мазкур якҷоя бо ширкатҳои италиягӣ барои саёҳатҳо дар саросари вилоят хидмати вертолёт ташкил карда мешавад. Равғани аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол ва маҳсулоти заргарӣ тайёр мекунанд.
Матои бофандагии рангкардаро ба содирот мебароранд. Инчунин, барои дар ҳамкорӣ бо ширкати «PATTI» роҷеъ ба коркарди абрешим ва бар асоси технологияву таҷрибаҳои замонавӣ истеҳсол намудани маҳсулот дар Самарқанд мувофиқа намуданд. Ширкати дар дунё маъруфи мазкур барои рушди кирмакпарварӣ дар вилояти мо ҳисса гузоштанро мехоҳад. Ҷонишинам Ҷ.Ҳайдаров роҷеъ ба ташкил намудани маркази замонавӣ барои рушди бизнеси хурд ва миёна ба меморандуми тафоҳум имзо гузошт. Ин, асосан лоиҳаи барои рушди корхонаҳои бизнеси хурд ва миёна пешбинишуда аст. Ҳамкорӣ дар вилоятамон барои ташаккули экосохтори саноат, рақамигардонии истеҳсолоти маҳаллӣ ва таълими мутахассисони авлоди нав ёрӣ медиҳад. Ғайр аз инҳо, боз фикрҳои бисёр ба миён гузошта шуданд. Барои мувофиқаҳои байниҳами оянда низ таклифҳо баён гардидаанд.
— Яъне, мулоқотҳо дар Фаронса ва Италия табъи дил гузашт.
— Медонед, мо дар ҳар ду мамлакат низ салоҳияти роҳбари давлатамонро дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳис кардем. Хориҷиён ҳам дар ЮНЕСКО ва ҳам дар мулоқотҳои дигар ислоҳотҳое, ки дар Ӯзбекистон бо шиддат амалӣ мешаванд ва сиёсати сулҳпарваронаи роҳбари давлатро алоҳида таъкид намуданд. Ин бошад, дар ҳамаи мулоқотҳо устувории фикрҳоямонро таъмин кард. Боварии комил дорам, ки чунин ҳамкорӣ на танҳо барои рушди саноат ва кишоварзӣ, инчунин индустрияи сайёҳӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар дар Самарқанд, муҳимаш ҷиҳозонидани корхонаҳо бо технологияҳои замонавӣ хеле зарур аст. Дар куҷое набошем, дар бораи Самарқанд сухан гӯем, фаронсавиҳо низ, италиягиҳо ҳам ҳурмати калон нишон доданд. Аз ҳама беш, пешниҳоди моро роҷеъ ба барқарор намудани таърихи 3 ҳазорсолаи шаҳри Самарқанд бо кафкӯбиҳо пешвоз гирифтанд. Яъне, мо бояд сазовори чунин ҳурмат бошем.
— Ташаккур, барои сӯҳбати пурмазмунатон!
Тарҷумаи Т.АЗИМОВ аз рӯзномаи «Зарафшон» (№ 81, 17.07.2025)
