Людвиг ван Бетҳовен яке аз бузургтарин оҳангсозони таърихи мусиқӣ аст. Ӯ бо асарҳои нодир, эҳсосоти амиқ ва иродаи қавии худ дар дили миллионҳо одамон ҷой гирифтааст. Зиндагии ӯ нишон медиҳад, ки инсон, ҳатто, дар рӯ ба рӯи муаммоҳои вазнинтарин ҳам метавонад роҳи худро идома диҳад ва осори ҷовидона эҷод кунад.
Бетҳовен соли 1770 дар шаҳри Бонни Германия ба дунё омадааст. Падараш Йоҳанн мусиқинавоз буд ва аз хурдсолӣ ба писараш навохтани асбобҳои мусиқиро омӯзонд. Ӯ мехост, ки писараш навозандаи машҳур шавад. Бетҳовен аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқи зиёд дошт ва бо гузашти вақт маҳорати худро пайваста инкишоф дод.
Баъдтар ӯ ба шаҳри Венаи Австрия кӯчид. Дар он замон Вена яке аз марказҳои муҳими мусиқии Аврупо буд. Дар он ҷо Бетҳовен ҳамчун пианинонавоз ва оҳангсози боистеъдод шинохта шуд. Асарҳои ӯ бо тарзи нав ва эҳсосоти қавӣ аз офаридаҳои дигарон фарқ мекарданд.
Аммо дар зиндагии ӯ муаммои бузург пайдо шуд. Дар охири солҳои 1790 шунавоии ӯ кам-кам суст шудан гирифт. Ин барои Бетҳовен зарбаи сахт шуд, зеро мусиқӣ қисми асосии ҳаёт ва кори ӯ буд. Бо вуҷуди ин, аз эҷод даст накашид. Сол то сол шунавоии ӯ бадтар мешуд ва дар солҳои охири умраш пурра намешунид.
Бетҳовен бо вуҷуди ин муаммо, ба эҷоди асарҳои нав идома дод. Ӯ мусиқиро дар зеҳни худ тасаввур мекард ва оҳангҳоро бе шунидани садоҳои беруна эҷод менамуд. Гуфта мешавад, ки ӯ барои ҳис кардани ларзиши садоҳо як чӯбдастаро байни дандонҳояш мегирифт ва нӯги дигари онро ба фортепиано мерасонд. Бо ҳамин усул ӯ ларзиши мусиқиро тавассути устухонҳо эҳсос мекард ва метавонист баъзе садоҳоро фарқ кунад. Аммо бояд қайд кард, ки ҷузъиёти ин усул дар сарчашмаҳои таърихӣ комилан тасдиқ нашудааст. Аксарият ба он назаранд, ки ӯ оҳангҳоро дар зеҳнаш тасаввур мекард ва онҳоро бо дониши мусиқӣ ба нота менавишт.
Яке аз бузургтарин асарҳои ӯ «Симфонияи рақами 9» аст. Ин симфония аз чор қисм иборат буда, қисми охири он бо иштироки сарояндагони якка ва хор иҷро мешавад. Матни суруди ин қисм аз шеъри «Ода ба шодӣ»-и шоири олмонӣ Фридрих Шиллер гирифта шудааст.
Навоварии бузурги бастакор аз он иборат буд, ки дар қисми охирини симфония хор ва овозҳои сарояндагонро бо оркестр пайваст кард.
Мазмуни асосии ин суруд дӯстӣ, бародарӣ ва муттаҳидии одамонро ифода мекунад. Бетҳовен мехост тавассути мусиқӣ нишон диҳад, ки одамон метавонанд аз ихтилофҳо боло рафта, ба ҳамдигар наздик шаванд. Аз ҳамин сабаб, «Симфонияи рақами 9» на танҳо як асари мусиқӣ, балки рамзи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсонҳо низ ба ҳисоб меравад.
Бастакор ин симфонияро дар солҳои охири эҷодиёти худ, вақте ки шунавоияш хеле суст шуда буд, ба анҷом расонд. Нахустнамоиши он 7 майи соли 1824 дар шаҳри Вена баргузор гардид. Дар он рӯз оҳангсоз дар саҳна ҳузур дошт. Азбаски ӯ садоҳоро намешунид, дирижёри дигар оркестрро роҳнамоӣ мекард.
Пас аз анҷоми иҷро, тамошобинон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ҳунармандонро истиқбол гирифтанд. Аммо Бетҳовен ин кафкӯбиҳоро намешунид ва ҳанӯз ба тарафи оркестр рӯ оварда буд. Сарояндаи алто Каролине Унгер ӯро ба тарафи толор гардонд, то мардумро бубинад. Он вақт Бетҳовен фаҳмид, ки асари ӯ чӣ гуна истиқбол гирифта мешавад. Ин воқеа яке аз лаҳзаҳои таъсирбахши таърихи мусиқӣ ба шумор меравад.
Бетҳовен 26 марти соли 1827 дар шаҳри Вена вафот кард. Ӯ дар тӯли умри худ асарҳои зиёде офарид, ки то имрӯз дар саросари ҷаҳон иҷро мешаванд ва дӯстдорони мусиқиро ба ҳаяҷон меоранд. Мероси ӯ то имрӯз ба одамон хотиррасон мекунад, ки монеаҳо набояд инсонро аз роҳи интихобкардааш боздоранд ва ӯ бо истеъдоду меҳнати пайваста метавонад осори ҷовидона ба вуҷуд оварад.
Таҳияи Зафар АМОНОВ
