Сокини шаҳри Самарқанд Алберт Петросян дар як дақиқа 52 маротиба машқи такя ба дастҳоро иҷро намуда, расман ба «Китоби рекордҳои Гиннес» дохил шуд.
Ин муваффақиятро дар сайти Ginness World Rekords ба қайд гирифтанд.
Аҳамияти хоси ин дастовард дар он аст, ки Алберт бо ёрии асобағал ҳаракат мекунад. Тавре ки дар сомонаи расмии Guinness World Records зикр шудааст, ӯ бо ин кӯшиши худ мехост нишон диҳад, ки маъюбӣ ҳудуди имкониятҳои инсонро муайян намекунад ва дигаронро низ ба боварӣ ба неруву тавоноии худ ҳавасманд созад.
Варзишгар аз гирифтани эътирофи расмӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дода, акси худро бо шаҳодатнома ва медали Guinness World Records нашр кардааст.
