Дар вилоятамон бо мақсади офаридани шароитҳои зарурӣ барои рушди намудҳои эко ва экстремали сайёҳӣ 6-уми феврали соли равон аз ҷониби роҳбари давлатамон қарори «Дар бораи чораҳои ташкил намудани фаъолияти минтақаи сайёҳӣ-рекреатсионии «Оҳалик—Оқбӯйро-Миронқул»» қабул гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур Дар ҳокимияти ноҳияи Самарқанд бо иштироки ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад чораҳои рушди комплексии соҳаи сайёҳӣ дар атрофҳои минтақаи сайёҳӣ, ки бо қарор тасдиқ гардидаанд, инчунин масъалаҳои амалӣ намудани барномаи рушди инфрасохтори минтақаи сайёҳӣ ва роҳ-нақлиёте, ки ба он мебарад, инфрасохтори меъморӣ-коммуникатсионӣ ва истеҳсолот муҳокима карда шуданд.
— Дар қарор қайд гардидааст, ки то 1-уми майи соли равон дар Оҳалик, Оқбӯйро ва Миронқул ҷамъ 2545 гектар замин бо тартиби муайян ба ҳисоби дирексия гузаронида шаванд, — гуфт Э.Турдимов. — Барои ин, ҳокимияти ноҳия бо ҳамкории ташкилотҳои дахлдор корҳои мукотиба ва омӯзиширо пеш бурда, таклифҳои худро гӯянд. Инчунин, роҷеъ ба ҳар як минтақа лоиҳаҳо таҳия намуда, ба амалӣ намудани онҳо пардохтан лозим аст. То 1-уми августи соли равон сарнақшаи минтақаи сайёҳӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии муфассал таҳия карда мешаванд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби бахши сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулин оид ба корҳои амалӣ дар минтақаи сайёҳӣ, лоиҳаҳои пешбинишуда баромад намуданд. Барои беҳтар намудани онҳо таклифҳо пешниҳод карда шуданд.
Дар ноҳияи Самарқанд минтақаи сайёҳӣ ташкил карда мешавад
