Ovozi.uz

Берун аз микроҳудуд донишомӯзи иловагӣ қабул кардан мумкин аст?

Оё ба синфи берун аз микроҳудуд бачаҳо қабул кардан мумкин аст? Танҳо баъди ба мактаб қабул гардидани бачаҳои доираи микроҳудуд, яъне аз 1‑уми август то 31‑уми август берун аз микроҳудуд бачаҳо қабул кардан мумкин аст. Барои ин, дар мактаби таълими умумӣ ҷои холӣ бояд бошад. Хуб, вуҷуд доштани ҷои холиро аз куҷо донистан мумкин аст?


Вуҷуд доштани ҷои холӣ дар мактабҳое, ки аризаҳо ба тарзи анъанавӣ қабул карда мешаванд, ба воситаи директор ё комиссияи қабул муайян карда мешавад.


— Аризаҳо ба мактабҳое, ки ба синфи 1‑ум онлайн қабул мекунанд, ба воситаи хидматҳои давлатии my.maktab.uz ё my.gov.uz фиристода мешаванд. Вақти ирсоли ариза вуҷуд доштани ҷои холӣ дар платформа намоён мешавад. Агар дар мактаб барои қабули бачаҳо ба синфи 1‑ум ҷои холӣ набошад, ариза фиристода намешавад, яъне баъди қабули бачаҳои кофӣ, фиристодани ариза боздошта мешавад. Ҳоло мактабҳои таълими умумии шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, инчунин ноҳияҳои Тайлоқу Самарқанд бачаҳоро ба синфи 1‑ум қабул мекунанд.


Аризадиҳандаи ба навбати онлайнӣ гузошташуда бо фарзанди худ ба мактаби берун аз микроҳудуд меравад. Комиссияи қабул дар муддати як рӯз ба мактаби берун аз микроҳудуд қабул шудан ё нашудани бачаро мегӯяд.


Дар ҳоли рад гардидани қабул ба мактаб, фарзанди аризадиҳандаро дар доираи микроҳудуде, ки фарзандаш вобаста карда шудааст, ба мактаб ҷалб мекунад. Агар дар мактаб ба мик­роҳудуд вобаста карда ҷои холӣ набошад ҳам, ҳамаи бачаҳои дар доираи микроҳудуд истиқоматкунандаро ба мактаб қабул мекунанд.


Ғайр аз ин, дар мактабҳое, ки донишомӯзони зиёд доранд, берун аз мик­роҳудуд бачаҳои иловагӣ қабул карда намешаванд.


Агар оила дар ягон минтақа муваққатан истиқомат кунад, фарзандони ин гуна оилаҳо пас аз 1‑уми август аз рӯи ҷойҳои холии берун аз микроҳудуд ба мактаби таълими умумӣ қабул хоҳанд шуд.

Ҷӯрабек ЭШМУРОДОВ,
сарвари шуъбаи Садорати вилоятии таълими томактабӣ ва мактабӣ