Ovozi.uz

Ҳолати корҳои ободонӣ омӯхта шуд

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо иштироки роҳбарони масъул бо вазъи ободонии кӯчаҳо, роҳ ва сохтмонҳои гирду атрофи онҳо, инчунин корҳои сабзазоркунӣ шинос шуд.

Зимни омӯзишҳо, ки аз кӯчаи Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд оғоз шуд, зикр гардид, ки ба тартиб даровардани фасадҳои биноҳои бисёрошёна, мувофиқи мавсим нав кардани гулҳои шинонидашудаи канори кӯчаҳо, обёрии дарахтон, беҳбуди инфрасохтори роҳ, бо мақсади ҳаракати озоди ронандагон ва пиёдагардон, аз нав кашидани хати гузаргоҳҳо ва хатҳои роҳ зарур аст.

Ҳолати гузаргоҳҳои пиёдагардҳои кӯчаҳои Ибни Сино, Рӯдакӣ, Афросиёб, Шоҳи Зинда ва Катта Ӯзбеки шаҳри Самарқанд, рафти корҳои сабзазоркунӣ, ҳолати шиорҳои дар назди мағозаҳо ва истгоҳҳо гузошташуда омӯхта шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.

— Дар ҷое, ки ободӣ аст, файзу баракат, фаровонӣ мешавад, табъи шаҳрвандон болида мегардад. Барои ин, мо бояд ободии кӯчаҳоямонро таъмин кунем, — гуфт роҳбари вилоят. Ӯ таъкид кард, ки кор на танҳо дар кӯчаҳои марказӣ, балки дар тамоми маҳаллаҳо ба роҳ монда шуда, корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар ҳар маҳалла, кӯчаву роҳи шаҳр ба роҳ монда шавад. Дар бобати сари вақт баровардани партовҳо дар маҳаллаҳо ва тоза кардани атрофи биноҳои истиқоматӣ вазифаҳои дахлдор гузошта шуданд.

Ҳамчунин корҳои ободонии гирду атрофи маҷмааи Имом Бухории ноҳияи Пайариқ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулон ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва сохтмон дастуру супоришҳо дода шуд.