Марҳилаи минтақавии фестивали шоҳмот байни хонандагони гурӯҳи омодагии ташкилотҳои таълимии томактабӣ, ки бо ташаббуси Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ ташкил карда шудааст, дар мактаби таълими умумии рақами 20-и Самарқанд баргузор гардид.
Ин мусобиқа аз рӯи ду номинатсия барои писарон ва духтарон ташкил карда шуд. Хонандагоне, ки дар марҳилаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрии фестивал ҷои 1-умро гирифтанд, дар он иштирок карданд.
Мувофиқи натиҷаҳои мусобиқа, дар байни духтарон:
➖ ҷои 1-ум насиби Раиса Бобоназарова, тарбиятгирандаи ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 2-и ноҳияи Пахтачӣ;
➖ ҷои 2-юм насиби Шодиёна Ҳотамова, тарбиятгирандаи ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 28-и ноҳияи Нуробод;
➖ ҷои 3-юм насиби Самира Содиқова, тарбиятгирандаи ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 5-и ноҳияи Тойлоқ гардид.
Дар байни писарон:
➖ ҷои 1-ум насиби Иброҳимҷон Толибҷонов, тарбиятгирандаи ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 6-и ноҳияи Окдарё;
➖ ҷои 2-юм насиби Усмонҷон Эгамбердиев, тарбиятгирандаи ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 79-и шаҳри Самарқанд;
➖ ҷои 3-юм насиби Беҳзод Шамсиддинов, тарбиятгирандаи ташкилоти давлатии таълими томактабии рақами 3-и ноҳияи Нарпай гардид.
Ба ғолибон ва ҷоизадорони фестивал ҷонишини сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят С.Мирзаев ва сарвари шуъбаи Садорати варзиши вилоят Н.Орланов диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
