Дар мактаби миёнаи рақами 45-и шаҳри Самарқанд дар мавзӯи «Духтарони соҳибдониш ва бомаърифатӣ — зеби ҷомеа» семинари таълимӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ пешгирии издивоҷ ва таваллуди бармаҳал, инчунин аз байн бурдани зулму ситам нисбати занон ва кӯдакон буд.
Дар чорабинӣ масъулони ҳокимияти шаҳри Самарқанд, шуъбаи корҳои дохилии вилоят ва соҳаи тандурустӣ иштирок карданд.
Дар семинар ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд оид ба корҳои занону духтарон Раъно Қурбонова суханронӣ карда, муҳтаво ва моҳияти Фармон «Дар бораи чораҳои иловагии ташкилӣ ва ҳуқуқӣ оид ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон ва пешгирии зулму ситам нисбати онҳо»-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар 4-уми марти соли ҷорӣ имзо шудааст, муфассал шарҳ дод.
Сипас, масъалаҳои издивоҷи бармаҳал, ҳомиладории наврасон ва пешгирии аз таҳсил дур мондани духтарон баррасӣ шуда, зарурати тақвияти минбаъдаи корҳои таблиғотӣ дар байни духтарони мактабхон таъкид карда шуд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки таҳсили духтарони ҷавон, аз худ кардани касбҳои муосир ва омода шудан ба ҳаёти мустақил омилҳои муҳими рушди ҷомеа мебошанд.
Кормандони соҳаи тандурустӣ ба донишҷӯён дар бораи саломатии репродуктивӣ, оқибатҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳомиладории бармаҳал маълумот доданд ва тавсияҳои муҳимро оид ба нигоҳдории саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим пешниҳод карданд.
