Ovozi.uz

ЮНЕСКО баргузории анҷумани Самарқандро баланд арзёбӣ кард

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО чорабинӣ баргузор шуд. Он ба арзёбии сессияи 43-юми Конфронси генералӣ бахшида шуд, ки соли 2025 дар Самарқанд гузашта буд.

Дар ҳисобот гуфта шуд, ки Ӯзбекистон конфронсро дар сатҳи баланд ташкил кард. Ба иштирокчиён кумак ва шароити хуб фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки инфрасохтори зарурӣ пурра муҳайё буд. Таҷҳизоти техникӣ муосир буд. Барнома ва хизматҳои тарҷума ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буданд. Намояндагони кишварҳои гуногун низ сухан гуфтанд. Онҳо ташкили конфронсро баланд баҳогузорӣ карданд. Ҳамчунин барои хизматрасонии босифат ва меҳмондории самимӣ изҳори сипос намуданд.