Истгоҳ рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба истифода супурда шуда, ҳоло он ба беш аз 200 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад. Дар истгоҳ ҳамагӣ 15 бригада фаъолият дошта, 64 нафар шифокор, 108 нафар корманди миёнаи тиббӣ ва 78 нафар ронанда шабонарӯзӣ дар роҳи ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд.
Иншооти мазкур дар доираи мавсими якуми барномаи «Буҷети ташаббускор» барои соли 2025 ғолиб дониста шуда, амалӣ гардид. Дар доираи лоиҳа 1 миллиарду 500 миллион сӯм маблағ ҷудо гардида, бинои дуошёнаи замонавӣ бунёд карда шуд.
Дар истгоҳи нав таҷҳизоти замонавии тиббӣ, шароити мусоиди кор ва имкониятҳои хизматрасонии босуръат фароҳам оварда шудаанд.
