Ovozi.uz

Журналистон нозукиҳои ҳифзи рақамӣ ва ҳуқуқиро омӯхтанд

Дар шаҳри Самарқанд семинари байналхалқӣ таҳти мавзӯи «Ҳифзи рақамӣ ва ҳуқуқии рӯзноманигорон» баргузор гардид.

Он бо ташаббуси Маркази миллии омодасозии контент барои воситаҳои ахбори оммавии назди Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо намояндагии ЮНЕСКО гузаронида шуд.

Дар ҷараёни семинари дурӯза иштирокчиён бо асосҳои идоракунии бехатарӣ, тарзи омода намудани репортаж аз ҷойҳои ҳодиса ва вазъиятҳои хатарнок шинос шуданд. Инчунин, машғулотҳои амалӣ баргузор шуда, рӯзноманигорон усулҳои арзёбии хатар, риояи қоидаҳои бехатарӣ, тарзи дурусти фаъолият дар ҷойи таркиши газ, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодаро омӯхтанд.

Рӯзи дуюм рӯзноманигорон бо воситаҳое, ки барои таъмини амнияти рақамӣ истифода мешаванд, шинос гардида, оид ба имкониятҳо ва истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) дар фаъолияти рӯзноманигорӣ низ маълумот гирифтанд.

Дар охири семинар ба иштирокчиён сертификатҳои ташкилотҳои ҳамкор супурда шуд.