Ovozi.uz

Ҳайкал

Ман, ки аз серкорӣ баъзан рӯзҳои дамгирӣ ҳам ба кор меоям, посбони идора Тӯхтабобо гоҳ-гоҳ ба наздам медарояд.

— Камтар чашма дам диҳед, — баробари даромадан мегӯяд ӯ.

Дар рафти сӯҳбат об ҷӯшонида, ҳарду қаҳва менӯшем.

Тӯхтабобо ба кор масъулияти баланд ҳис мекунад. Аз тиреза даромадани ягон каси бегонаро бинад, давида ба пешвозаш мебарояд. Агар ин хел одаме наояд, баъди чанде барои «дам додани чашмҳо» хеста, аз паси кораш мешавад.

Боре бегоҳирӯзӣ ҳам даромада гуфт, ки Ёрмаҳмад — мухбири рӯзномаи «Самаркандский вестник» «ба ман ҳайкал намемонанд» гуфта барвақттар рафт. Аз вай пурсидам, ки ба кӣ ҳайкал мегузоранд, гуфт:

— Дар ин ҷо фақат ба Аҳрорака (мудири хоҷагии идораи рӯзномаҳо) ҳайкал мегузоранд. Дар ду дасташ рӯзномаҳоро дода, онро дар таги ҳамин бошишгоҳи даромадгоҳ мешинонанд.

Бахтиёри ҶУМЪА

©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»