Дар сессияи 37-уми Шӯрои вакилони халқии вилояти Самарқанд, масъалаи муайян намудани тарифҳои хизматрасонии оби нӯшокӣ ва обҳои партов (корезӣ) дар вилоят баррасӣ шуд.
Дар сессия лоиҳаи қарор дар асоси пешниҳодҳо ва хулосаҳои ҷонишини ҳокими вилоят, ҶС-и «Самарқанд сув таъминоти» ва Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят, ки барои муҳокимаи умум пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи лоиҳаи қарор, барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ тарифҳои зерин пешниҳод шудаанд:
➖ Барои аҳолӣ — 3 600 сӯм;
➖ Барои ташкилотҳои буҷетӣ — 8 500 сӯм;
➖ Барои истеъмолкунандагони яклухт — 8 500 сӯм.
➖ Барои хизматрасонии обҳои партов бошад, тарифҳо чунин пешниҳод шудаанд:
➖ Барои аҳолӣ — 2 250 сӯм;
➖ Барои ташкилотҳои буҷетӣ — 7 500 сӯм;
➖ Барои истеъмолкунандагони яклухт — 7 500 сӯм.
Ҳамчунин, нархи 1 метри мукааб оби нӯшокие, ки барои аҳолӣ тавассути нақлиёт интиқол дода мешавад, 58 100 сӯм муайян шудааст.
Пас аз муҳокима ва саволу ҷавобҳо оид ба ин масъала қарори сессия қабул гар
