Ёдоварии гузаштагон кори хайру савоб аст. Дар арафаи Рӯзи матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ фарзандони рӯзноманигор, муҳаррири аввалини рӯзномаи «Овози Самарқанд» Норқул Остонақулов (Нор Остонзода) моро ҳам даъват намуданд. Мо бо Тошқул Азимзодаву Раҳматилло Шарифзода ёдбуди устодро ҳамроҳи писараш Бахтиёр Остонақулов аз зиёрати қабри ӯ, ки дар баландии самти офтоббарои қабристони Шоҳи Зинда аст, ба рӯҳи покаш аз хондани дуои фотиҳа сар кардем.
Муаллим Раҳматилло Шарифзода оҳе кашида, ба сухан даромад:
— Дар як даври душвори солҳои нахустини истиқлолият рӯзномаи вилоятии тоҷикии «Овози Самарқанд» таъсис ёфт. Ин орзуи деринаи мардуми мо буд. Мо равшанфикрон рӯзномаро дастгирӣ мекардем, ҳамкорӣ менамудем.
Як бегоҳирӯзии моҳи ноябри соли 1990 ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Хурсанд Ҷумъазода ба хонаи мо омаданд. Фаҳмам, сармуҳаррир Норқул Остонақулов маро даъват кардаанд. Он солҳо ман муаллим будам. Рӯзи дигараш ба назди Норқул Остонақулов омадам. Маро хуб қабул карда, мақсади ба кор таклиф карданашонро гуфтанд. Ҳангоми сӯҳбат як шахси бомаданият, маърифатнок, меҳнатдӯсту ҳақиқатҷӯй ва боандешаву хоксор будани ин шахсро фаҳмидам. Ман ваъда додам. Он вақтҳо ба вазифаи котиби масъулу мудири шӯъбаи маънавият одам лозим буд. Ба зиммаи ман вазифаи мудири шӯъбаи маънавиятро гузоштанд. Ба кори рӯзнома гузашта бошам, ки рӯзҳои шанбе дар мактаб ба хонандагон аз фанни санъати тасвирӣ дарс медодам.
Дар идораи рӯзнома норасоии кадрҳо, камии кабинетҳо ва шароити кор, хулоса, муаммоҳо бисёр буданд. Дар як кабинет ходимони се шӯъба 8-9 нафар кор мекардем. Газета ҳафтае се маротиба чоп мешуд. Шабона баъзан то нисфи шаб мемондем. Баъзеҳо шабро дар ҷойи кор рӯз мекарданд. Нор Остонзода ба ҳама падарона меҳрубонӣ менамуданд. Аз душвориҳо наҳаросида, зарбулмасали халқии «поёни шаби сиёҳ сафед аст»-ро зуд-зуд ба забон меоварданд.
Бо сарварии Нор Остонзода пас аз чопи рӯзнома сифати материалҳо таҳлил мегардид. Материалҳои беҳтарин номбар ва материалҳои суст танқид карда мешуд. Ҳама кӯшиш менамуданд, ки сифати рӯзнома хубу материалҳои хонданибоб бештар чоп шаванд.
Нор Остонзода ба маданияти либоспӯшӣ эътибор медоданд ва худ намуна буданд. Инро аз дигарон ҳам талаб мекарданд. Бинобар ҳамин, дар идораи газета байни ходимон маданияти муносибату муомила, хушгуфторӣ, якдигарфаҳмӣ то рафт пойдор мегардид.
Нор Остонзода як марди баландболои паҳлавоннусхаи зардинае буд. Дар вазифашиносӣ, покизакорӣ ва дақиқӣ ҳамто надошт. Ҳангоми сӯҳбат лабонаш ҳамеша моили табассум буданд.
Ӯ пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар рӯзномаи республикавии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба фаъолияти меҳнатиаш оғоз бахшидааст. Чанд сол ҳамчун муаллим кор кардааст. Аз соли 1969 дар вазифаи муҳарририи шӯъбаи тоҷикии комитети радиошунавонии вилоят кор кардааст. Соли 1991 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» таъин шуда, то ба нафақа баромадан роҳбари ин рӯзнома буд. Нор Остонзода бо ҳамсараш Норчучук Одилова соҳиби чор нафар фарзанд – Бахтиёр, Нигина, Ифтихор ва Масрурро сазовори замон тарбия карда, ба воя расонид.
Дар сари қабр рӯзҳои кори якҷоя пеши назарам назарам ҷилвагар шуданд. Рӯзҳои аввали соли 1990 падарам бемор шуд. Барои аёдаташ аз Душанбе ба хона омадам. Ба Самарқанд омадани маро фаҳмида, як бегоҳ Хурсанд Ҷумъазода ки дар вазифаи ҷонишини сармуҳарририи рӯзномаи “Овози Самарқанд” кор мекард, меҳмони хонадони мо шуд. Вай ба гап афтонидан ҳамто надошт. Намонд, ки ман ҳам ба кори газета оям. Дар сӯҳбат, ки якҷоя бо падарам менишастем, падарам ҳам тарафдори омадани ман буд. Ва ман ҳам, не гуфта натавонистам. Ҳамин тавр, аз кор ҷавоб гирифта, зану фарзандон дар Душанбе бошанд, ки ман ба Самарқанд омадам. Оғози ҳар як кори нав, махсусан ба роҳ мондани чопи мунтазами рӯзномаи навтаъсис азобу машаққатҳои ба худ хосе дошт. Мутахассисони соҳаи журналистикаи тоҷик, ба истиснои Нор Остонзодаву Хурсанд Ҷумъазода набуданд. Рӯзнома ки бо усули фотонабор дар матбаа чоп мешуд, душвориҳои зиёде дошт. Зиддиятҳои ҳархела ҳам кам набуданд. Ба зиммаи ман вазифаи котиби масъулии рӯзномаро бор карданд. Мо бо роҳбарии сармуҳаррир чӣ будани шабу рӯз ва рӯзҳои истироҳатиро намедонистем. Соатҳои 10 ё 11-и шаб газетаро ба чоп супорем, ин хушбахтӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди кор ман шофёр мешудаму бо мошини “ГАЗ-24”-и Хурсанд Ҷумъазода аввал Умур – саҳифабанди матбааро ба Тайлоқу баъд ходимонро як-як ба хонаҳояшон мебурдам. Саҳарӣ, рӯзи истироҳат бошад, ки боз соатҳои 7-7,5 пагоҳирӯзӣ ба идора ҳозир мешудем. Газета мунтазам ҳафтае се маротиба мебаромад.
Баъзе баддаҳанҳо муаллимро ба тарсончакиву мансабдӯстӣ муттаҳам мекарданд. Ман дар давоми қариб як соли кор баръакси онҳоро медидам. Ману Хурсанд ба роҳбарон бо ягон талабу дархост муроҷиат кунему онҳо аз шаккокии мо ба рӯзнома фишор оварданӣ шаванд, Нор Остонзода “обсофкунак” мегашт. Ба ягон маҷлисе рафта бошаду хабари онро дар рӯзнома чоп кардан лозим бошад, худаш ба наздам омада, “Бахтиёр, ба ҳамин ягон бало карда ҷой ёбед, надиҳем, намешавад” мегуфт ва боз илова мекард: “илтимос”.
Ба наздаш касе наояд, худи ҳамон лаҳза қабул мекард. Фақат ягон материалеро хонда истода бошад, дар ҳамон ҷойи омадааш бо ручка ё қалам нишоне мегузошт. Масъулияти баландеро ҳис карда, ҳар шумораи рӯномаро нуқта ба нуқта мехонд. Ҳатто адреси рӯзнома ки дигар намешуд, аз назар мегузаронд.
Дар ёд дорам. Боре дар маҷлисгоҳи идораҳои рӯзномаҳои вилоятӣ бахшида ба обуна ҷамъомади калоне ташкил кардем. Дар он намояндагони вилоят ҳам иштирок доштанд. Дар ин ҷамъомад Нор Остонзода беибо сарвари садорати обунақабулкуниро танқид кард. Сарвар чӣ гуфтанашро надониста, маҷбур ба сафедкунии худ пардохт. Муаллим ҳаргиз худро аз дигарон калон намегирифт. Якҷоя ба хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ мебаромадем. Вай хӯрокашро худаш гирифта омада, ба паси миз менишаст. Пулро якҷоя карда супурдан лозим ояд, вай ҳам баробари дигарон пул медод. Аксаран баъди хӯрок таклиф мекард:
— Акнун камтар қадамзанӣ кунем. Хӯроки хӯрдаамон ҳал шавад.
Ва мо се-чор нафар ба “ҳазми таом” машғул мешудем. Чандин маротиба дар зери сояи чанорҳои пеши бинои матбаа қадамзанон сӯҳбат мекардем. Ҳоло ҳам баъзан бо ҳамкорон ба гаштугузор пардохта, рӯҳи муаллимро шод мегардонем.
Аз ҳама ҳам, рӯзи ба ман ҷавоб додани муаллим аз лавҳи хотирам зудуда намегардад. Ман дар Самарқанду ҳамсарам бо чор нафар фарзанд дар Душанбе мезист. Муаллим гоҳ-гоҳ барои рафта омадани ман имкон медод. Бо вуҷуди он, ҳамсарам азоб мекашид. Бори охирини ба Самарқанд омаданаш бо исрор талаб кард, гашта ба Душанбе равам. “Дар ин ҷо ҳозир ёрдами ман зарур, ҷавоб намедиҳанд” гуфтам. Ба идора омада, худаш ба назди сармуҳаррир даромад. Ҳамчун инсони покдил Нор Остонзода вазъиятро на танҳо фаҳмид, балки ҳис ҳам карда, бо дили нохоҳаму чашмони андӯҳбор ба аризаам имзо гузошт…
Нор Остонзода баробари дар соҳаи журналистика пурмаҳсул кор кардан ҳикояҳо низ менавишт. Ба эҷоди қисса ҳам даст мезад. Вале афсӯс, ки дар зиндагӣ рӯйи китоби худро надид. Пас аз як соли вафоташ фарзандон маҷмӯаи ҳикояҳои ӯро таҳти унвони «Дунёи қуръагардон» дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардонданд.
— Дар бораи Норқулака бисёр гапҳои нек гуфтан мумкин аст, — гуфт дар рӯзи ёдбуд муаллим қудои калонии муаллим Раҳмат Нарзуллоев. – Бо янга чор фарзандро ба дунё овардаанд. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Ахлоқу одобашон нағз. Яке аз онҳо домоди мо – Бахтиёрҷон аст, ки ман ӯро ба қатори фарзандамон медонам. Умуман, Норқулака инсони аҷоиб, дӯсти ҳақиқӣ, маслиҳатчии беҳтарин буданд. Ин хел инсонҳои пок, ҳалол, ростқавл дар дунё кам вомехӯранд.
Ҳамсояи Нор Остонзода Солеҳ Ҷалолов дар рафти сӯҳбат изҳор кард:
— Раҳматӣ Норқул Остонақуловро мо «муаллим» мегуфтем. Чунки мо дар мактаби рақами 8 мехондем. Баъди тамом кардани мо он кас дар ҳамин мактаб муаллим шуда омаданд. Баъд мо дар ин ҷо – маҳаллаи Тазари шаҳр ҳамсоя шудем. Ҳамчун одами соҳибмаълумот маслиҳатҳои нағз медоданд. Ягон коре барояд ё муаммое пеш ояд, мо аз муаллим мепурсидем. Дар ҳамин маҳалла чанд соле, ки зиндагонӣ карда бошанд, ба ягон кас озоре надодаанд. Аз пушти кас гап заданро бад медиданд…
Дамирхон Фатҳуллоев қудои устод Нор Остонзода:
— Ифтихор – писари муаллим домодамон аст. Қудобобо, яъне Норқул Остонақулов аслан ҳамгузари падарам – аз Қозикалон буданд. Якдигарро мешинохтанд. Бо тақозои тақдир духтарамон ба дасти ҳаминҳо афтод. Умуман, ҳар чор фарзанди қудобобо аз якдигар хубанд. Сабабаш, дар муҳити хуб ба воя расида, бо нони ҳалол тарбия ёфтаанд.
— Раҳматӣ Норқул Остонақулов бо падарам Рауф Маъруфӣ дӯсту бародар буданд, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, илова кард Рустам Маъруфӣ. — Падарам аз давраҳои бачагӣ маро ҳамроҳ ба маҳфилҳои адабӣ мебурданд. Аслан Норқул Остонақулов барои мо поччо бошанд, ки ман он касро «муллоамак» мегуфтам. Баъзан ба хона меомаданд.
Ҳамон солҳо ҳар ҳафта рӯзи якшанбе одамони илму донишдор дар Хона-музейи Садриддин Айнӣ, аз он ҷумла, Болта Ортиқов, Эркин Азаматов ва дигарон ҷамъ меомаданд. Ҳама болои кат менишастанд. Дар чойник чой оварда мемонданд. Аз сӯҳбатҳои онҳо ман ҳам баҳравар мегаштам. Дар хотир дорам. Муллоамак ҳатто як рӯз ба хонаи мо ба ҳашари бомандова ҳам омада буданд. Он солҳо боми ҳамаи хонаҳо лоин буд. Муллоамак гуфтанд, ки ман обчӣ мешавам, лойхонаро бо об таъмин мекунам. Он кас ба ҳашар наомаданашон ҳам мумкин буд. Вале ҳамчун одам, бо мақсади дилёбӣ омада буданд.
Аз набераи духтарии муаллим, магистранти Институти давлатии тиббии Самарқанд Назира Рустамова оиди бобояш пурсон шудем. Ӯ чунин гуфт:
— Вақте, ки мо ба ҳавлии бобоҷонам меомадем, ин ҷо «тӯфон» барпо мешуд. Бо бозиву шӯхиҳои худ ба асабашон расем, ки сарзаниш намекарданд. Дар ёд дорам: боре ман пирог пухта омадам. Бобоҷонам хӯрда, хуб таъриф карданд. Баъд худам ҳам мазаашро чашиданӣ шудам. Хӯрда бинам, мағзаш хом, хамир. Хуб шарм доштам. Минбаъд ҳушёр шуда ба ин хел камбудиҳо роҳ надодам.
Келини калонии хонадон Дилфуза Нарзиллоева падарарӯсу модаршӯи худро чунин ёдоварӣ кард:
— Ба тӯй шуда омаданам 30 сол шуд. Дар давоми ин солҳо аз забони худораҳматӣ аяам ё муллоамакам ягон маротиба гапи ноҷо нашунидам. Хушмуомила, шахси ниҳоят беозор буданд. Ба аяам «шумо-шумо» гуфта гап мезаданд.
Фарзандонашон ҳам худашон барин ба занҳо бо ҳурмат гап мезананд. Дар ин хонадон ман фақат ҳурмату эҳтиром, маданиятнокӣ, одамгариву поквиҷдониро дидам. Аз остона даромада, муллоамакам туфлиҳояшонро кашида, дар ҷояшон мемонданд. Либосҳояшон бо тартиб ба ҷевон меовехтанд. Шукри Худо, аз пушти онҳо фарзандҳо, набераҳояшон ҳама дорои маълумоти олӣ шуданд. Соҳиби касбу корҳои нағз гаштанд.
Духтарҳо бештар ба падар меҳрубонанд. Падарҳо ҳам нисбати писарон духтарҳоро як парда болотар дӯст медоранд. Дӯхтари ягонаи Нор Остонзода Нигина Остонақулова ҳам бо гиряву оби чашм падарро чунин ёдоварӣ намуд:
— Дадаҷонам бисёр меҳмондӯст, хушмуомила буданд. Ба ҳамаи мо дӯст доштани китоб, ҳурмат кардани онро ёд медоданд. Ҷевонҳои хона аз китобҳо пур буданд. Мо мабодо ба китоб беэътиноӣ зоҳир кунем, дарронем ё ягон ҷояшро қат кунем, сарзаниш мекарданд. «Китоб ҳам ҷон дорад, азоб диҳед, ҷонаш дард мекунад» гуфта мефаҳмонданд. Махсус, коғазҳои дарозрӯя меоварданд, ки саҳифаҳоро қат накарда, дар байни варақҳои китоб монем.
Доимо мегуфтанд, ки ба як кас нағзӣ кунӣ, он ба худат бармегардад. Бинобар ҳамин, ҳамеша некӣ кун. Аз паси гап нагард, хушмуомила бош. Доимо ба пеш рав… Ҳоло ҳамонҳоро ба ёд оварда мегӯям, ки падарам бисёр одами дурандеш, покдил будаанд. Ман дар ҳаёт одами ба падарам монандро вонахӯрдаам. Одами зиёии бо ҳарфи калон буданд.
Дар ёд дорам: вақтҳои нав ташкил шудани газета шабу рӯз дар ҷойи кор мемонданд. Ҳушу ёдашон ба кор банд буд. Касби худро ончунон дӯст медоштанд, ки гӯё дар даруни касбашон месӯхтанд. Баъзан газетаро ба дастам дода мегуфтанд:
— Ана, Нигина, имрӯз ин хел корҳо шуд, газета ин хел баромад. Бин канӣ, рӯзнома ба ту маъқул аст?
Ба фикрам, дадаҷонам, тамоми ҳастии худро ба кор бахшида буданд. Доимо менавиштанд ё китоб мехонданд. Ба ман ҳамеша мегуфтанд, ки забони модариро аз ёд набарор, ба бачаҳоят ҳам ёд деҳ. Баъд мегуфтанд, ки чӣ қадар омӯзӣ, чӣ қадар бештар илмдор шавӣ, ҳамон илмат калиди бисёр дарҳо мешавад.
Ҳоло ҳар вақте, ки дадаҷонамро ба ёд орам, худ ба худ мегӯям: ҳамон вақтҳо мо ба гуфтаҳояшон кам эътибор дода будаем. Баъди гузаштани солҳо акнун ба маънои гуфтаҳояшон мерасем. Дадаҷонам ба додару хоҳарашон меҳрубон буданд. Ҳозир ман ин хел меҳрубониро аз акаам мебинам…
Дар бозгашт боз аз паҳлӯи қабристони Шоҳи Зинда мегузаштему аз дил гузаронидем, ки ба оғози кори саркардааш бештар аз 30 сол гузашт. Рӯзномаи имрӯзаро бо рӯзномаи он солҳо муқоиса кардан душвор аст. Рӯзнома ранга мебарояду тарҳу ҳаҷмаш дигару материалҳояш шавқовару хонданибоб шудаанд. Сайтҳои интернетиаш ҳам ҳаводорони зиёде доранд.
Ва боз сурату катибаи санги мазораш пеши назар намоён мешавад: “Норқул Остонақулов. 11.X.1938 – 2007 3.XI
Рӯҳи покатон шод бошад пас аз ин,
Номи некатон доимо дар ёд бошад пас аз ин.
Бо дуою хатми Қуръон ёд меорем шуморо,
Хонаи охирататон обод бошад пас аз ин.”
Бахтиёри ҶУМЪА
