Ovozi.uz

Ватан… Ишқ… Ҳаёт…

Имрӯз дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.С.Пушкини вилоят бахшида ба 75-солагии рӯзноманигор ва шоири маъруфи самарқандӣ, сармуҳаррири маҷаллаи байналмилалии «Турони бузург» Нормурод Каримзода ва тақдимоти китоби «Бо чашми дил»-и ӯ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки аҳли илму фарҳанги Самарқанд, меҳмонони аз дигар вилоятҳо ташрифоварда ва дӯстону наздикони Нормурод Каримзода иштирокдори он буданд, бобати ҳаёту фаъолияти шоири зуллисонайн маълумоти муфассал дода шуд.

Шахсоне, ки суханронӣ карданд, мазмуну муҳтавои осори Нормурод Каримзода, сабки ба худ хос ва дигар ҷиҳатҳои фардии эҷодиёти ӯро эътироф намуданд. Зикр гардид, ки шоир на танҳо дар муҳити адабии Самарқанд, балки дар адабиёти муосири тамоми Ӯзбекистон мақом ва ҷойгоҳи ба худ хос дорад.

— Нормурод Каримзода аз зумраи шоиронест, ки қалби дарё дорад ва шеър дар қалби ӯ ҳамеша мавҷ мезанаду туғён мекунад, — гуфт проректори якуми ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Аҳмадҷон Солеев. — Инро аз он рӯ медонам, ки бо ӯ якҷоя ба воя расидаем. Борҳо дар ҳар маҳфилу ҷамъомадҳое, ки ҳамроҳ иштирок кардем, гувоҳ шудаам, ки Каримзода бадоҳатан шеър мегуфт ва ин аз табъи саршори ӯ гувоҳӣ медиҳад.

— Муҳити адабии Самарқанд таърихи беш аз ҳазорсола дорад, ки асосгузори он Рӯдакии бузургвор буд, — гуфт раиси Шӯрои адабиёти тоҷики назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хусрав Саъдуллоҳ. — Бисёр хурсанд шудам, ки имрӯз бо ташаббуси китобхонаи ба номи Пушкинскийи вилоят ва рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва умуман бо ибтикори Самарқанду самарқандиён 75-солагии як адиби зуллисонайн баргузор мешавад. Имрӯз дар Ӯзбекистони Нав барои адабиёти тамоми халқҳо эътибори алоҳида нигаронида мешавад, ки мову шумо имрӯз бори дигар шоҳиди он мешавем. Бо ба устод Нормурод Каримзода, ки рисолати Алишер Навоиро идома дода, бо ду забон шеърҳои нобу гуворо месароянд, умри дароз ва қуллаҳои аз ин ҳам баланди эҷодиро таманно дорем.

Чорабинӣ бо сурудҳои дилнишини сарояндагон, ки ба шеърҳои Нормурод Каримзода оҳанг баста буданд, идома ёфт.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ