Варзиш — манбаи зебоӣ ва саломатӣ: мусобиқаҳои бонувон дар Норпай ва Ургут. Бахшида ба 8-уми март Рӯзи байналхалқии занону духтарон дар сар то сари вилоят таҳти шиори “Варзиш — манбаи зебоӣ ва саломатӣ” мусобиқаҳои варзишӣ байни бонувон баргузор мегардад.
Яке аз чунин мусобиқаҳо дар ноҳияи Нарпай гузаронида шуд. Дар он бонувони ташкилотҳои гуногуни ноҳия иштирок намуда, аз рӯи намудҳои шоҳмот, шашка, тенниси рӯи мизӣ, валейбол байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Дар рафти мусобиқаҳо иштирокчиён маҳорати худро нишон дода, таваҷҷӯҳ ва шавқи худро ба варзиш намоён карданд. Мусобиқаҳо дар фазои дӯстӣ, рақобати солим ва рӯҳияи болида гузашт.
Ба иштирокчиёни ғолиб ва фаъол диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Садорати оила ва занону духтарон супорида шуд. Ҳамин гуна чорабинӣ дар ноҳияи Ургут низ баргузор гардид. Иштирокчиёни он бонувони ҳамаи маҳаллаҳои ноҳия буда, аввал дар марафони пиёдагардии оммавӣ иштирок намуданд. Сипас, дар қувваозмоиҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, волейбол, бадминтон барин намудҳои варзиш иштирок карданд.
Дар анҷом ғолиб ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
