Дар ду нафар сокини Санкт-Петербург бемории маймунча муайян шуд. Беморон дар яке аз шифохонаҳои шаҳр бистарӣ шуданд ва шифокорон ҳолати онҳоро миёнаи вазнин мегӯянд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки вируси маймунча асосан тавассути тамос бо шахси сироятшуда ё ҳайвон мегузарад. Нишонаҳои сироятёбӣ дигаргуншавии пӯст, пневмония ва ҳолатҳои вазнин ба монанди сепсис (сирояти хун)-ро дар бар мегиранд.
Мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ, аз моҳи январи соли 2022 то охири моҳи ноябри соли 2024 дар саросари ҷаҳон 117,663 ҳолати бемории маймунчаро сабт кардаанд. Вазъи эпидемиологии шадидтарин бо ин беморӣ дар қитъаи Африқо мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, ҳолатҳои сироятёбӣ дар Ҷумҳурии Демократии Конго, Бурунди ва Уганда муайян карда шудаанд.
