Ovozi.uz

Аз 1-уми октябр чиҳо тағйир меёбад?

Маълумот оиди дигаргуниҳои қонунгузорӣ, ки аз 1-уми октябр эътибор пайдо мекунанд.

Фурӯши музоядаҳои рақамҳои давлатии «Зебо» нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 4-уми сентябр, “Биржаи ашёи хом ва мол дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” аз 1-уми октябри соли 2025 фурӯши музоядаи рақамҳои давлатии “Зебо” нигоҳ дошта мешавад.

Таъмини кушодагӣ (ошкорагӣ) дар платформаи “Яшил макон». Зиёд кардани иштироки ҷамоатчигӣ дар тадбиқ намудани лоиҳаи умуммилии “Яшил макон” (“Макони сабз”), барои таъмини ошкорагӣ дар платформаи “Яшил макон” механизмҳои зерин ҷорӣ карда мешавад:

* Ҳудуди аниқе, ки бо ташаббуси аҳоли шинондани дарахт мумкин аст, таъминоти об, сониян имконияти парвариш намудан ва нишон додани намудҳои дарахтон;

* Дар лоиҳаи “Яшил макон” (“Макони сабз”) маълумотҳои корҳои анҷомёфта аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлат дар асоси тамоюли “Назорати сарфи ҳар як тийн” ба ҷамоатчигӣ расонидани хабар ба таври онлайн.

Ҳатмӣ шудани шаҳодатномаи ронандагӣ барои рондани скутер ва мопедҳо. Барои ронандагони скутер ва мопедҳо қоидаи нав ба роҳ монда шудааст, яъне шаҳодатномаи ронандагӣ талаб карда мешавад.

* Нархи аз рӯйхат гузарондани скутер ё мопед ба 3,7 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (1 525 400 сӯм) муайян шудааст;

* Боҷи давлатӣ барои гирифтани шаҳодатнома 288 400 сӯмро ташкил мекунад;

* Гирифтани рақами давлатӣ 1,5 баробари миқдори ҳисоби базавӣ — 618 000 сӯм буда, ҳамагӣ беш аз 4,5 миллион сӯмро дар бар мегирад

Таъини автоматии нафақа барои шахсони ногироидошта. Дар Халқ банк барои нақд додани нафақаҳо аз идентификатсияи биометрии Face-ID ва имзои элекронии рақамӣ истифода бурда мешавад. Пардохтгирандагон метавонанд қайнномаи пардохтро ба таври электронӣ дар планшет имзо кунанд.

Вазорати адлия маълумотҳоро мувофиқи пурсиши электронии. Фонди нафақа ва Халқ банк барои идентификатсиягардонии биометрӣ тақдим мекунад. Барои сафари хизмати коркунони давлат модули ягона ташкил мегардад. Мувофиқи қонунгузорӣ, таҳлилу ташкил ва қайд намудани сафари кории дохилӣ ва хориҷии коркунони давлат дар асоси модули ягонаи “Хизмат сафари”, ки дар таркиби системаи электронии “hrm.argos.uz” мавҷуд аст, анҷом меёбад.

Баъзе кӯмакҳои молиявӣ тавассути картаи иҷтимоӣ ҷудо карда мешавад. Бо қарори Девони Вазирон 11-уми марти сои 2025 тартиби ташкил намудани фаъолияти фонди мақсадноки давлатии коҳиши камбизоатӣ тасдиқ гардида буд. Мувофиқи он, аз 1-уми октябри соли 2025 маблағҳое,ки ба шаҳрвандон аз ҳисоби фонди маблағ ба таври нақд додада мешавад зина ба зина тавассути картаи иҷтимоӣ тақдим мешавад.