Ovozi.uz

Лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба такмили фаъолияти ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо шакл ёфт

Лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҷеъ ба такмили фаъолияти ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо шакл ёфт. Дар ин бора агентии UzA ахборот хабар дод.

Мувофиқи он, 4 нафар намудани шумораи ҷонишини ҳокимони шаҳру ноҳияҳо таклиф мешавад. Ҳоло ҷонишини ҳокимони ноҳияҳо 6 нафар мебошад. Мувофиқи лоиҳаи фармон, то охири соли 2026 дар 32 то шаҳр ва ноҳия тартиби нави идоракунӣ ҷорӣ мегардад. Дар он 9 то вазорат ва шӯъбаҳои минтақавии идора ба сохтори ҳокимият гузаронида мешавад.

Аз ҷумла:

* Вазорати иқтисодиёт ва молия;

* Вазорати саноат, савдо ва инвеститсияҳо;

* Вазорати хоҷагии деҳот;

* Вазорати шуғл ва коҳиши камбизоатӣ;

* Вазорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷой;

* Вазорати экология ва муҳофазаи муҳиту атроф;

* Вазорати маданият;

* Кумитаи оила ва зан-духтарон;

* Агентии кор бо ҷавонон;

Бо ҳамин ҳокимон ба сохтори мазкур пурра роҳбари намуда, ягонагии штатҳоро мустақил интихоб менамояд, коркунонро ба вазифа таъин ва аз кор озод мекунад, инчунин, метавонад чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва интизомиро татбиқ намояд.