Ovozi.uz

Тӯби расмии Ҷоми ҷаҳони 2026 муаррифӣ шуд

«Trionda» аз ҷониби ширкати Adidas истеҳсол шудааст.

Номи «Trionda» аз забони испанӣ гирифта шуда, маънои «се мавҷ»-ро дорад. Ин ном рамзи он аст, ки бори аввал се кишвар — Канада, Мексика ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка якҷоя мизбонии мусобиқаро доранд. Тарҳ ва технологияҳои инноватсионии тӯб аҳамияти таърихии мусобиқаро таҷассум мекунанд.

Дар ин бора президенти ФИФА Жанни Инфантино баёнот дод.

«Тӯби расмии бозӣ барои Ҷоми ҷаҳони соли 2026 асари ҳақиқии санъат аст! Ман шодам ва ифтихор дорам, ки «Trionda»-ро муаррифӣ мекунам. Бори дигар, Аdidas тӯберо офаридааст, ки ҳам рамзӣ ва ҳам аз ҷиҳати технологӣ комил аст. Тарҳи он ваҳдат ва шавқи се кишвари мизбон — Канада, Мексика ва ИМА-ро таҷассум мекунад.

Хусусиятҳои ба худ хоси «Trionda»:

Ҳамоҳангии рангҳо: Аз рангҳои Канада (сурх), Мексика (сабз) ва ИМА (кабуд) илҳом гирифта шудааст.

Тарҳрезии геометрии ба мавҷ монанд: Шакли нави чорпанела ба туфайли дарзҳои амиқ, ки таъсири мавҷро инъикос мекунанд, устувории аълоро дар ҳаво таъмин мекунад.

Ҷилоҳои тиллоӣ ҳамчун ишора ба Ҷоми Ҷаҳони ФИФА истифода шудааст.

Технологияҳои насли оянда:

Нишонаҳои рӯизаминӣ, ки часпандагиро зиёд мекунанд, махсусан дар ҳавои нам, барои бозӣ мусоидӣ медиҳанд. Он бо сенсори ҳаракати 500 гертс муҷаҳҳаз шудааст. Ин технология ҳаракати тӯбро дақиқ сабт мекунад ва маълумотро ба системаи VAR дар вақти воқеӣ мефиристад, ки барои муайян кардани ҳолатҳои махсусан номуайян, аз ҷумла офсайд кӯмак мекунад.