Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев дар доираи сафари худ ба Япония бо ҷонишини губернатори префектураи Нара мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Япония торафт рушд меёбанд.
Дар мулоқот роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ табодули афкор сурат гирифта, бартарияти истифодаи самараноки имкониятҳо дар ин замина зикр шуд.
Дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати нассоҷӣ, дорусозӣ, металлургӣ ва электротехникӣ, маориф ва сайёҳӣ баррасӣ шуда, дар ин замина оид ба ҳамкориҳои мутақобила созиш карданд.
