Ovozi.uz

Номи ман Лола

Илҳом Ҳоҷиев (равонашон шод!) яке аз кормандони собиқ ва муштариёни фаъоли рӯзномаамон буданд. Ҳамеша бо як меҳрубонии бародаронаю устодона ба ман «Лолаой» — гӯён муроҷиат мекарданду ман аз ба исмам илова шудани пайвандаки ғайричашмдошт оташин мешудам.

Рӯзе ман дар кабинети худ бо ҳуруфчинӣ банд будам, аз дари кушод ба сӯям нигоҳ карда, бо табассум «пока-пока» гуён даст афшонда, боз он ҳарфҳояшонро такрор намуданд. Ҷаҳлам омад.

— Шумо ба ман кӣ мешавед? — пурсидам аз муаллим. — Ба номам пайвандак илова накунед. Ба ман ин хуш намеояд. Номи ман Лола! Ҳоло дигарон чӣ хел фикр мекунанд, ки шумо ба ман ин гуна дастафшонӣ мекунед? Ё шумо бародарам ҳастед? Бо ман ин гуна рафтор накунед!

Муаллим аз шунидани чунин ҳарфҳо хеле нороҳат шуданд ва «Ман шуморо ба худам наздик гирифта, ҳамин хел кардам» гуфтанд.

Шунидам, ки пас аз ин ҳолат И.Ҳоҷиев дигар ба бинои таҳририяти «Овози Самарқанд» намедаромадаанду ҳар гоҳ рӯзномаамонро аз берун, тавассути касе гирифта, бармегаштаанд. Инро шунида худам афсӯс хӯрда, хиҷолат кашидам.

Лола РАҲИМОВА

©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»