Аз оғози соли 2025 маро ба вазифаи муҳаррири шабакаҳои иҷтимоии рӯзнома ва веб-сайти «ovozi.uz» таъин карданд. Ҳар рӯз кормандони эҷодӣ барои сайт аз хабару рӯйдодҳои охирини кишвару ҷаҳон мавод омода карда, ба ман мефиристанду ман онҳоро ба саҳифаҳои иҷтимоии рӯзнома мегузорам. Аз аввали фаъолияти худ ба як нукта аҳамият додам, ки Ҳасан Содиқов бештар хабарҳои сӯхтору садамаю ҳалокатҳоро мефиристад. Пас аз чанде ба онҳо хабарҳои оиди қурби асъорро илова кард.
Рӯзе ба наздаш рафтам.
— Дар ҷаҳон магар хабари дигаре нест, ки фақат фалокату ҷангу таркишҳоро ба ман мефиристед? — ҳангоми гуфтани ин ҳарфҳоям ба компутераш нигоҳ кардам, ки қурби асъорро омода мекард. — Ин барои кӣ даркор?
— О, қурби асъори хориҷӣ барои тамоми кишвар муҳим! Ту, ки доллар надорӣ, дарди доллардоронро аз куҷо мефаҳмӣ?! — гуфт.
Мо ҳар ду хандидем ва ин хабарро ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кардам.
Шаҳзод КЕНҶАЗОДА
©️ Аз китоби «Oвози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳo»
