Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд бахшида ба корҳое, ки бобати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар байни ҷавонони номуттаҳиди вилоят амалӣ мегарданд ва натиҷаҳои онҳо ҷамъомади васеъ гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад, ки дар робита ба ноҳияву шаҳрҳо дар шакли видеоселектор баргузор шуд, роҳбарони секторҳои вилоят, масъулони ҳокимиятҳо, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ иштирок карданд.
Сарвари Садорати вилоятии Хадамоти амнияти давлатӣ А.Аҳмедов, сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Р.Маматов таъкид карданд, ки дар доираи қарори Девони Вазирон роҳбарон ба ҷавонон вобаста карда шуданд ва дар натиҷаи ба камбудиҳо роҳ додани масъулон дар байни ҷавонон корҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ афзудааст.
Зикр гашт, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ дар вилоят аз ҷониби ҷавонон 308 ҷиноят содир шудааст. Ин нисбат ба даври мутаносиби соли гузашат 28 адад зиёд аст.
Ҷиноятҳои ноболиғон дар шаҳри Самарқанд (8 ҳолат), дар ноҳияи Ургут (7 ҳолат) ва ноҳияи Каттақӯрғон (4 ҳолат) афзудааст.
Аз ҷумла, сокини маҳаллаи Равоти ноҳияи Иштихон К.Б. (соли таваллудаш 1997), ки ба сарвари шӯъбаи Бюрои иҷрои ҳатмии ноҳия вобаста карда шудааст, бо савдои маводи нашъамандӣ машғул гардидааст, сокини маҳаллаи Шопӯлоди ноҳияи Тайлоқ Д.Б. (соли таваллудаш 1997), ки ба ҷонишини сарвари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия вобаста гардида, худ дар ҳисоби пробатсия қарор дорад, ба ҷинояти фиребгарӣ даст задааст. – Пас аз рӯй додани ҷиноят ба маҳалла рафта бо масъулон муҳокима кардани он бефоида аст, — гуфт сарвари садорати вилоятии ХАД А.Аҳмедов. – Пеш аз рӯй додани ҷиноят андешидани чораҳои зарурӣ мувофиқи мақсад мебошад. Барои ин пеш аз ҳама роҳбароне бояд ҷавоб диҳанд, ки ба ҷавонон чун масъул вобаста карда шудаанд. Онҳо бояд бо ҳафтгонаи маҳалла дар ҳамкорӣ кор баранд.
Аз рӯйи масъалаҳое, ки дар ҷамъомад баррасӣ шуданд, дар назди масъулон вазифаҳои аниқ гузошта шуданд.
Ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон афзудааст
