Ovozi.uz

Дар Ӯзбекистон фаъолияти фандоматҳои аввалин оғоз гардид

Агентии идораи партовҳо ва рушди иқтисодиёти сиркуляри дар ҳамкорӣ бо компанияи ТОМРА-и Норвегия лоиҳаи пилотӣ, ки ба аҳолӣ имконияти бар ивази супурдани пластик, шиша ва зарфҳои алюмини гирифтани маблағи пули ё ки ба хайрия равона кардани онҳоро медиҳад, оғоз кард.

Ду дастгоҳи автоматии аввалин (фандомат) дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд (дар назди бинои Кумитаи экология) ва маркази вилояти Сурхондарё гузошта шуданд.

Истифодабарандагон ҳангоми супурдани зарфҳо метавонанд яке аз ду имкониятро интихоб кунанд: дастгоҳ барои ҳар як зарф ба ҳамёни Click 150 сӯм рағбати пулӣ ё ки ин маблағро ба шинонидани дарахтон ва ташаббусҳои хайрия равона карда метавонанд. Ин лоиҳаи пилотӣ, ки ба зиёд намудани маданияти интихоби партовҳо нигаронда шудааст, бо муваффақият амалӣ шавад, дар оянда чунин фандоматҳоро дар мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ низ зина ба зина гузоштан ба нақша гирифта шуд.