Қуръакашии мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Осиё рӯзи 9-уми май дар шаҳри Риёз баргузор мегардад. Ин маросими муҳим таркиби гурӯҳҳои яке аз бузургтарин мусобиқаҳои қитъавиро муайян хоҳад кард.
Ҳоло 23 даста аз 24 иштирокчии даври ниҳоӣ аллакай маълум шудаанд. Мунтахаби Арабистони Саудӣ ба ҳайси мизбон роҳхатро соҳиб шудааст. Дастаҳои дигари иштирокчии мусобиқа Австралия, Ироқ, Эрон, Ӯзбекистон, Қатар, АМА, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Уммон, Фаластин, Баҳрайн, Урдун, Хитой, Индонезия, Кореяи Шимолӣ, Кувайт, Қирғизистон, Сурия, Сингапур, Ветнам, Тайланд ва Тоҷикистон мебошанд. Танҳо як роҳхат боқӣ мондааст, ки сарнавишти он пас аз бозии байни мунтахабҳои Ливан ва Яман муайян мешавад.
Ин вохӯрӣ бинобар нооромиҳои сиёсӣ дар минтақаи Ховари Миёна ба таъхир гузошта шуда, акнун қарор аст рӯзи 4-уми июн баргузор гардад. Маҳз натиҷаи ин бозӣ номи охирин иштирокчии мусобиқаи ниҳоиро мушаххас мекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан баргузории қуръакашӣ барои рӯзҳои 11–12-уми апрел ба нақша гирифта шуда буд, аммо бо сабаби вазъи мураккаби сиёсӣ дар минтақа, ташкилкунандагон маҷбур шуданд санаи онро тағйир диҳанд.
Қуръакашии дарпешистода барои ҳамаи дастаҳо аҳамияти калон дорад, зеро маҳз аз натиҷаи он рақибон дар марҳилаи гурӯҳӣ ва роҳи эҳтимолии ҳар як тими миллӣ ба марҳилаҳои баъдӣ муайян мешавад.
Дар натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳи иборат аз чор дастаӣ тақсим мешавад. Ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, дар баробари чор дастаи беҳтарини ҷойи сеюм ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Мусобиқа дар Арабистони Саудӣ миёни 24 тими мунтахаб аз 7-уми январ то 5-уми феврал баргузор мегардад. 51 бозӣ, дар 8 варзишгоҳи 3 шаҳри Арабистони Саудӣ доир мешаванд. Қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи мунтахаби Қатар мебошад.
