Ovozi.uz

Энтони Тейлор бозии аввалини Ӯзбекистонро дар Ҷоми ҷаҳон ҳакамӣ мекунад

Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии мураббӣ Фабио Каннаваро бори аввал дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба футбол иштирок мекунад. Футболбозон дар гурӯҳи «K» бо тимҳои Португалия, Колумбия ва Ҷумҳурии Демократии Конго рақобат хоҳанд кард.

Бозии аввалини деютии дастаи Ӯзбекистон рӯзи 18-уми июн дар варзишгоҳи машҳури «Аттека»-и шаҳри Мехико, пойтахти Мексика, ба зидди тими Колумбия баргузор мешавад. Ин дидори таърихиро ҳаками шинохтаи англис Энтони Тейлор роҳбарӣ хоҳад кард. Дар қанотҳо ба ӯ ҳамватанонаш Гари Бесвик ва Адам Нанн кӯмак мерасонанд.