Саркотиби Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили, ки имрӯзҳо дар кишвари мо қарор дорад, ҳамроҳи вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов аз фаъолияти Академияи байналмилалии сайёҳии Самарқанд дидан карданд.
Бояд гуфт, ки ин Академияи байналмилалии сайёҳӣ моҳи октябри соли 2023 дар доираи 25-умин сессияи ҷашнии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ кушода шуд.
Академия бо дархости субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар як сол якчанд маротиба барои гурӯҳҳои таълимӣ курсҳои бозомӯзӣ ташкил мекунад.
Дар давоми се сол дар ин ҷо такмили маҳорати 2740 нафар мутахассисон пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, дар соли аввали академӣ 20 тренер аз рӯи барномаи менеҷменти меҳмоннавозӣ омода гардиданд. Дар соли 2025 бозомӯзии 200 нафар мутахассис дар ин самт пешбинӣ шудааст. Дар соли дуввуми академӣ аз рӯи се самти мавҷуда 60 нафар тренер ва 1200 нафар мутахассис тайёр карда мешаванд.
Барномаи таълимии Академия бо назардошти таҷрибаи мактабҳои меҳмондӯстии Швейтсария таҳия шудааст. Машғулотҳо аз ҷониби мушовирони хориҷӣ гузаронида шуда, ба хатмкунандагони академия сертификати аз ҷониби муассисаҳои таълимии шарик эътирофшуда тақдим мегардад. Пас аз хатми ҳар як модул, таҳсилгирандагон тавассути таҷрибаомӯзӣ дар ширкатҳои шарики бахши хусусӣ маҳорати худро зиёд мекунанд.
– Соли гузашта дар сессияи ҷашнии созмон мо академияро кушодем ва дар он вақт корҳо пурра ба охир нарасида буд, – гуфт Зураб Пололикашвили. – Имрӯз дар ин маскан мо шоҳиди муҳиту фазои тамоман дигар гардидем. Барои ин аз роҳбарияти Ӯзбекистон миннатдорам. Дар ҷаҳон ин гуна муассисаҳо камшуморанд ва академияи мо дар Самарқанд, бешубҳа, дар байни онҳо бо имконоти худ фарқ мекунад. Ҳоло мамлакатҳои Африқо ва Америкаи Лотинӣ низ мехоҳанд дар соҳаи сайёҳӣ муассисаҳои таълимӣ ташкил намуда, дар ин самт мутахассисонро омода намоянд. Минбаъд мо метавонем ба онҳо Академияи Самарқандро намуна нишон дихем.
Соли оянда мо мехоҳем дар Самарқанд дуюмин форуми байналмилалиро оид ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ гузаронем. Ин академия барои ин пойгоҳи асосӣ хохад шуд.
Зураб Пололикашвили ва Азиз Абдуҳакимов бо аввалин донишҷӯёни академия суҳбат карда, бо равандҳои таълим аз наздик шинос шуданд.
Дар чорабинӣ ба саркотиби Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвилӣ унвони профессори фахрии Академияи байналмилалии сайёҳии Самарқанд супурда шуд.
Зураб Пололикашвили профессори фахрӣ гардид
