Ovozi.uz

Об сарвати бебаҳост, аммо…

Ҳарчанд камарбанди обии мамлакати мо — Сирдарёву Амударё, шохобҳои онҳо ва дигар дарёҳо мебошанд, бо вуҷуди ҳамаи ин, танҳо 8–12 дарсади оби ин ду дарё ба мо тааллуқ дорад. Дарёи Зарафшон, ки таъмингари воҳаи Зарафшон аст, 92 фоизи масоҳатро бо об таъмин кунад ҳам, мо ҳар сол бо норасоии об рӯ ба рӯ мешавем. Бинобар ҳамин, камбудӣ ва истифодаи оқилонаи он ҳамеша муаммо мегардад.

Як қатор чорабиниҳое, ки ҳар сол ба пешгирии камобӣ нигаронида мешаванд, аз ҷумла, кам кардани сарфаи об ба зироатҳои хоҷагии қишлоқи вилоят, сарфаю сариштакорӣ ва хушсифату зуд анҷом додани обёрӣ имсол боиси нашъунамои хуби ғалла гардиданд.

Дар пахтакорӣ бо мақсади самаранок истифода бурдани об обёриро шабона бо усули шарбатдиҳӣ, бо назардошти вазъи ҳар як майдон ва рӯякиву чуқурии обҳои зеризаминӣ гузарондан ба мақсад мувофиқ мебошад. Ғайр аз ин, баъди ҳар як обёрӣ дар вақти обутоби замин ва маҳин карда гузарондани коркарди байни қаторҳо як миқдори обро сарфа кардан мумкин аст.

Аз сабаби набудани намии баланд, суръати пасти бухоршавии қаторҳои пахта ва дигар зироатҳоро ба назар гирифта, аз чоҳҳои зеризаминӣ ва дигар манбаъҳои иловагӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Танҳо дар минтақаи дарёи Зарафшон ҳавзаи артезиании 4011 ҳазор метри мукааб оббарории рӯзона мавҷуд аст. Ғайр аз ин, обҳои термалӣ, яъне чашмаҳо дар як сония 500–1000 литр об медиҳанд ва онҳоро барои обёрии киштзор, таъмини аҳолӣ бо об ва дар саноат низ истифода бурдан мумкин аст. Дар шароити камобӣ на танҳо истифодаи сарфакорона, инчунин тоза нигоҳ доштани манбаъҳои об ва ҳаматарафа муҳофизат кардани онҳо муҳим мебошад.

Танҳо як мисол: оби дарёи Зарафшон ва канали Сиёби шаҳри Самарқанд, ки обанборҳои кушоди ин минтақа мебошанд, аз меъёр 1,3–2,72 маротиба зиёдтар моддаҳои ифлоскунанда, ба мисли мис, симоб ва нитрат доранд. Мутаассифона, дар ин дарёву канали шаҳр миқдори чунин моддаҳои заҳрнок зиёд мешаванд. Аз ин рӯ, ҳодисаҳои вайрон кардани қонуну қоидаҳо дар бобати самаранок ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои об ҷой доранд.

Аммо тибқи баённомаи ҷаласаи Девони Вазирон аз 12‑уми майи соли 2011 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир роҷеъ ба таъмини устувори об дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити норасоии об дар соли 2011» масъалаҳои сарфаи об тавассути роҳандозӣ намудани технологияи нав дар соҳа, истифодаи шабакаҳои ҷамъоварию обкашӣ ва истифодаи технологияи сарфаи об алоҳида баррасӣ шудаанд. Дар мамлакатҳои хориҷа технологияи сарфаи об (обёрии қатравӣ, истифодаи плёнкаи шаффоф, кам кардани коркарди замин, дар шакли маҳлул додани нуриҳо ва ғайра) васеъ ба кор бурда мешаванд. Дар вилояти мо ҳам аз рӯи анъана ҳиссаи зиёди зироатҳое, ки обро кам талаб мекунанд (ҷуворимакка, арзан ва ғайра) ва тадбирҳои сарфакорона истифода бурдани об ба ин ё он дараҷа ба амал оварда мешаванд.

Тоза нигоҳ доштан, ҳифзи манбаъҳои об ва ба захираҳои партов табдил надодани он яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Маданият ва муносибатҳои истифодабарии оқилонаи об бояд дар ҳар яки мо ҷои бепарвоӣ ва бемасъулиятиро гирад. Аз ин рӯ, агар дар муносибатҳои мо бо об — боигарии нодири табиӣ қонун ҳукмронӣ кунад, бешубҳа имкон медиҳад, ки тамоми сол аз ин сарвати бебаҳои табиӣ, обу захираҳои об самараноктар истифода бурда шаванд.

Хидиралӣ БОТИРОВ,
доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ