Ovozi.uz

Дар Ургут ибодатхонаи мансуб ба маданияти Суғди қадим бозёфт шуд

Аз соли 2022 инҷониб Донишкадаи бостоншиносии Самарқанд дар ёдгории Қӯрғонтепаи назди деҳаи Ҷӯраптепаи ноҳияи Ургут тадқиқотҳои археологӣ мебарад. Ба наздикӣ дар давоми тадқиқотҳои мазкур ибодатхонаи мансуб ба маданияти Суғди қадим пайдо гардид.
Мутахассиси Донишкадаи бостоншиносии Самарқанд, доктори фалсафа оид ба илмҳои таърих Алишер Сандибоев роҷеъ ба ибодатхона ва суратҳои ноёби он маълумоти муфассал дод. Бино ба маълумотҳои ӯ, ибодатхона ба асрҳои миёнаи аввалин мансуб буда, тарҳи он дар шакли чоркунҷаи росткунҷа аст ва деворҳои он бо суратҳои динӣ оро дода шудаанд.
— Баландии деворҳои ибодатхона, ки то ҳол боқӣ мондаанд, 3 метрро ташкил медиҳанд ва дар он 5 дар мавҷуд аст, — гуфт А.Сандибоев. — Дар деворҳо тасвирҳои маъбудаи бо зару зевар ороёфта маҳфуз мондааст. Дар ин тасвирҳо тоҷи қанотдор ва қисми болоияш ба мисли ҳилол буда низ акс ёфтааст. Инчунин, дар порчаҳои суратҳо тасвирҳои персонажҳои гуногунро ҳам дидан мумкин аст, ки аз гуногунии илоҳҳои ибодатхона далолат медиҳанд.
Мувофиқи маълумотҳои мутахассис, дар деворҳои ибодатхона токчаҳо мавҷуд буда, дар яке аз онҳо ҳайкалчаи лойӣ пайдо гардидааст. Тахмин карда мешавад, ки ибодатхонаи мазкур дар асрҳои VII-VIII мавриди истифода қарор доштааст, вале пас аз истилои араб ба Самарқанд, соли 712 сӯзонида шудааст.
Ҳоло корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд ва аз суратҳои деворӣ нусха мебардоранд.