Ovozi.uz

Ҳайати вакилони Таиланд ба Самарқанд омад

Ҳайати вакилон таҳти роҳбарии ҷонишини Патриархи олии буддоиҳои Шоҳигарии Таиланд Сирипҳроммакҳун Пҳратҳеппраситтҳимон дар доираи сафари худ ба кишвари мо ба Самарқанд ташриф овард.

Меҳмонон бо оромгоҳи Амир Темур, осорхонаи Афросиёб ва дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шинос шуданд.

Ба ҷонишини Патриархи олии буддоиҳои Шоҳигарии Таиланд дар бораи осори чандинҳазорсолае, ки дар осорхонаи Афросиёб, ки аз таърихи шаҳри Самарқанд қисса мекунанд, маҳфузанд, маълумоти муфассал дода шуда, гуфта шуд, ки дар гузашта дар ин шаҳри бостонӣ пайравони якчанд мазҳаб, аз ҷумла дини буддоӣ сукунат доштаанд. Ба ӯ маълумот дода шуд, ки дар якчанд ёдгориҳои археологии Самарқанд боқимондаҳои маъбадҳои буддоӣ маҳфузанд.

Меҳмонон дар бозори Сиёб шоҳиди маданияти тиҷорати шарқона ва фаровонии мамлакати мо шуданд.

ӮзА.