Ovozi.uz

Марказе, ки ба парандагону ҳайвоноти нодир умр мебахшад

Чӣ гуна дар Маркази барқарорсозии Боғи миллии Зарафшон ҳайвоноту парандагони ваҳширо табобат карда, ба оғуши табиат бармегардонанд?

Дар Маркази барқарорсозии Боғи миллии Зарафшон айни замон уқобҳои даштии ҷавон ва тиллоӣ, қирғиҳои ботлоқӣ, лаклакҳои сиёҳ, каргасҳои мисрӣ ва чӯҷаҳои хеле ҷавони шоҳин нигоҳдорӣ мешаванд.

Баъзеи ин парандаҳо аз тиҷорати ғайриқонунӣ мусодира карда шудаанд ва ҳоло онҳоро то ба воя расида, аз паи ғизо шуда тавонистанашон бояд нигоҳубин кард. Баъзе аз ҷонварони дигар бо ташаббуси шаҳрвандони бетарафнабуда ба марказ оварда шудаанд. Онҳо парандаи заифшударо мушоҳида намуда, ба мақомоти экологӣ муроҷиат кардаанд.

Дар маркази барқарорсозӣ давраи нигоҳубини парандагону ҳайвонот вобаста ба саломатӣ ва суръати барқароршавии онҳо аз якчанд рӯз то якчанд моҳ идома меёбад.

Баъзе парандагон дар маркази мо доимӣ нигоҳ дошта шуда, барқарорсозии пурраи онҳо, яъне раҳӣ кардани онҳо ба табиат, ғайриимкон аст. Ин парандагон дар марказ ба намоиш гузошта мешаванд. Нигоҳубини ҳамаи ҷонварони марказ, инчунин оҳуҳои бухороӣ ба зиммаи корманди илмии Боғи миллии Зарафшон Тоҳир Сатторов вогузор аст. Корманди собиқадор Тоҳирбобо гӯё дар ҳамин ҷо ба воя расидааст, зеро падараш Мардон Сатторов низ дар мамнуъгоҳ кор мекард.

Тоҳирбобо қариб 30 сол боз бо масъулият ва бо меҳр ҳайвоноти ваҳшиеро, ки дар боғи миллӣ нигоҳ дошта мешаванд, нигоҳубин мекунад ва ҳайвонҳо низ ӯро мешиносанд. Кормандони дигар ӯро «Падари оҳу» меноманд, зеро оҳуҳои бухороии маҷмааи иҳоташуда бо дидани Тоҳирбобо аз дур зуд ба истиқболи ӯ медаванд.

Имрӯз, маркази барқарорсозии ҳайвоноти ваҳшӣ маркази ҷалби сайёҳон аст. Ҳангоми вохӯриҳо бо мардум кормандони боғи миллӣ чорабиниҳои таълимӣ ва таблиғотӣ гузаронида, дар онҳо оқибатҳои сайди ғайриқонунӣ ва ба дом гирифтани ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ баён карда мешаванд. Мактаббачагони маҳаллӣ дар ҷараёни ба табиат раҳо кардани парандагону ҳайвоноте, ки аз барқарорсозӣ гузаштаанд, иштирок мекунанд, ки ин низ арзиши муҳими таълимӣ дорад.

5-уми июни соли 2026 нозири экология Б.Раҳимов аз маҳаллаи Сайҳуни вилояти Ҷиззах як лаклаки сиёҳро, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дароварда шудааст, ба Маркази барқарорсозии Боғи миллии табиии Зарафшон овард.

Ин парандаро кӯдакон дар наздикии мактаби маҳаллӣ пайдо карда буданд. Ҳангоми муоинаи аввал дар бадани он осори ҷароҳати зоҳирӣ мушоҳида нашуд. Аммо паранда хеле заиф буд ва нишонаҳои эҳтимолии сирояти бактериявӣ ё занбӯруғии роҳҳои нафасро дошт (ҳангоми кӯшиши овоз баровардан, аз гулӯяш хиррос шунида мешуд). Иштиҳояш хуб буд ва мустақилона ғизо мехӯрд. Барои лаклаки сиёҳ табобати зарурӣ ташкил гардид. Ҳоло табобати он ба анҷом мерасад ва пас аз он ки мутахассисон ба қобилияти парвози он бовар ҳосил мекунанд, паранда ба муҳити муносиби зист раҳо карда мешавад.

Лаклакҳои сиёҳ дар Боғи миллии табиии Зарафшон асосан дар қисматҳои болоии боғ, наздик ба минтақаҳои кӯҳӣ вомехӯранд ва аз парандагони бисёр нодир ба ҳисоб мераванд.

Ранги умумии ин лаклак сиёҳчатобу қаҳваранг аст. Тамоми қисми болоии бадан, аз ҷумла сар, гардан, ҷиғилдон, болҳо ва думи он сиёҳчатоб буда, дар сар, китфҳо ва ҷиғилдон ҷилои сабзтоб дорад. Қисми поёнии бадан сафед мебошад.

Ин намуд дар Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олойи Ғарбӣ лона мегузорад, инчунин ҳангоми муҳоҷират дар минтақаҳои ҳамвор ва доманакӯҳҳо дучор меояд. Лаклаки сиёҳ ҳамеша аз ҷумлаи парандагони камшумор будааст. Ин навъи муҳоҷиру лонагузор мебошад.

Бар хилофи лаклаки сафед, лаклаки сиёҳ парандаи бисёр эҳтиёткор аст. Аз ҳамин сабаб, дур аз маҳалҳои аҳолинишин ва асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунад. Ғизои асосии он аз моҳӣ, обхокиён, хазандагон ва ҳашарот иборат аст.

Александра ЗАСЛАВСКАЯ,
мутахассиси мониторинги олами наботот ва ҳайвоноти Боғи миллии табиии Зарафшон