Дар доираи «Моҳонаи ободии маҳалла ва меҳру саховат», ки ба муносибати 35‑солагии истиқлолияти Ватанамон эълон гардидааст, ба зиёда аз 250 оилаи ниёзманди ноҳияи Қӯшработ маҳсулоти озуқаворӣ ва сару либос тақдим карда шуд.
16‑уми июли соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ таҳти раёсати Сарвари давлатамон роҷеъ ба ворид намудани муҳити нав ба маҳаллаҳо ва ташкили ба таври нави фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла», барои дар рӯҳияи баланд таҷлил намудани ҷашни аз ҳама бузург, аз ҳама азиз дар маҳаллаҳо, «Моҳонаи ободии маҳалла ва меҳру саховат» эълон гардид.
Дар маҳаллаҳои вилояти мо низ дар доираи ин моҳона корҳои амалӣ оғоз гардиданд. Бо ҳамкории ҳокимияти вилоят ва намояндагии вилояти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар ноҳияи Қӯшработ чорабиниҳои хайриявӣ ташкил карда шуданд.
Бо иштироки масъулони ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия, имом-хатибон ва ҳоҷиёне, ки имсол зиёрати мубораки Ҳаҷро адо намуда баргаштаанд, бо сарпарастии ҳоҷиёни ташаббускор ба оилаҳои ниёзманд ва муҳтоҷи кумаки иҷтимоии маҳаллаҳои ноҳия либосҳои мактаб, асбобҳои таълимӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ тақсим карда шуд.
— Меҳрубонӣ ба муҳтоҷон, сари ятимонро сила кардан аз ҷумлаи бузургтарин амалҳои неки дини муқаддаси мо ба ҳисоб меравад, — гуфт ҷонишини саримомхатиби вилоят Хайрулло Сатторов. — Аз ҳамин сабаб, имом-хатибони мо ва ҳоҷиёне, ки зиёрати мубораки Ҳаҷро анҷом дода баргаштаанд, ваъда доданд, ки дар «Моҳонаи ободии маҳалла ва меҳру саховат», ки ба муносибати 35‑солагии истиқлолияти Ватанамон эълон гардидааст, фаъолона иштирок намуда, ба ин кори хайр саҳм мегузоранд. Мо ба хонаҳои аҳолӣ даромада, дар баробари расонидани туҳфаҳо суҳбатҳои маърифатӣ низ гузаронида, андешаҳои мардумро шунидем.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин чорабиниҳои хайриявӣ дар дигар ноҳия ва шаҳрҳои вилоят низ баргузор мегардад.
