Ovozi.uz

Парвозҳо аз Тошканду Самарқанд ба Душанбе роҳандозӣ шуданд

Ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Ӯзбекистон парвозҳои мустақимро дар хатсайри Тошканд—Душанбе—Тошканд ва Самарқанд—Душанбе—Самарқанд оғоз менамояд. Дар ин хусус аз Агентии авиатсияи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Парвозҳои мустақим дар хатсайри Тошканд—Душанбе—Тошканд аз 19-уми июли соли 2025 ва дар самти Самарқанд—Душанбе—Самарқанд аз 20-уми июли соли 2025 ду парвоз дар як ҳафта, дар ҳар як хатсайр оғоз менамояд.

Гуфта мешавад, ки парвозҳо дар масири Тошканд—Душанбе—Тошканд ва Самарқанд—Душанбе—Самарқанд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Centrum Air»-и Ӯзбекистон дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки 9-уми марти соли 2018 ба имзо расонида шудааст, ба роҳ монда мешавад.