
Таҳти ташаббуси Агентии муассисаҳои таълимии ихтисосонидашдуа Олимпиадади ҷумҳуриявии математика ва забони англисӣ (IRN — Republic Mathematics and English Olympiad 2024) гузаронида шуд.
Дар ин олимпиада донишомӯзи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи Пахтачӣ Мадина Абдусамадова дар байни хонандагони синфи даҳуми мактабҳои ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтаринро қайд карда, пирӯз гардид ва медали тилло, диплом ва роҳхатро барои саёҳат ба Дубай ба даст овард.
Бояд гуфт, ки олимпиадаи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ дар байни донишомӯзони синфҳои 1-11 дар ҳар як тоифаи синну сол гузаронида мешавад. хонандагоне, ки дар зинаҳои интихобӣ, нимниҳоӣ ғолиб шудаанд, дар зинаи ниҳоӣ дониши худро месанҷанд.
