Рӯзҳои 24–25-уми июл бори нахуст дар Самарқанд Форуми байналмилалии бародаршаҳрҳо гузаронида мешавад, ки дар он намояндагони беш аз 30 давлат, роҳбарони шаҳрҳо, масъулони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ, соҳибкорон ва дигарҳо иштирок менамоянд. Мақсади асосии форум таҳкими муносибатҳои байнишаҳрӣ, рушди дипломатияи халқ ва боз ҳам васеъ намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ мебошад.
Форум бо ташаббуси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва масъалаҳои ҳамватанони хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Алянси бародаршаҳрҳо ва ҳокимияти вилояти Самарқанд ташкил шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва масъалаҳои ҳамватанони хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қаҳрамон Сариев, ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев, инчунин меҳмонони хориҷӣ – мери шаҳри Нараи Ҷопон Мотонобу Накагава, шаҳрдори Ашқобод Раҳим Гандимов ва дигарон суханронӣ карданд.
Дар ҷараёни форум ба фаъолияти Алянси бародаршаҳрҳо, ки 7-уми майи соли равон расман таъсис ёфтааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Вазифаи асосии Алянс таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни шаҳрҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ дар асоси дипломатияи мардумӣ, рушди ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, иқтисод, сайёҳӣ, экология ва инноватсия мебошад.
— Имрӯз байни шаҳрҳо ва минтақаҳои Ӯзбекистон ва давлатҳои хориҷӣ 71 муносибати бародаршаҳрӣ амал мекунад. То ҳол муносибатҳои бародаршаҳрӣ танҳо ҳамчун робитаҳои фарҳангӣ арзёбӣ мешуданд. Мақсади форум тағйир додани ҳамин муносибат аст, то ки онҳо ба воситаи воқеии ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёбанд. Мо интизорем, ки то соли 2030 на танҳо сифати ин ҳамкориҳо, балки шумораи шаҳрҳои шарик низ ба 150 мерасад, — гуфт дотсенти Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва роҳбари шуъбаи Алянси бародаршаҳрҳо Отабек Алимардонов.
Дар байни ҳамаи шаҳрҳои мамлакат маҳз Самарқанд аз рӯи шумора ва муҳтавои муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад. То имрӯз шаҳр бо 34 шаҳри 18 кишвари ҷаҳон муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.
Зимни баргузории форум миёни шаҳри Самарқанд ва шаҳрҳои Белгради Ҷумҳурии Сербия, Ниғдеи Ҷумҳурии Туркия ва Рязани Федератсияи Русия ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ҳамин тариқ, шумораи бародаршаҳрони Самарқанд ба 38-то расид.
Дар доираи форум инчунин байни шаҳрҳои Бухоро ва Ашқобод, Намангон ва Ӯш, Қӯқанд ва Велико-Тирновои Булғористон низ созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
– То имрӯз байни Туркманистон ва Ӯзбекистон муносибатҳои бародаршаҳрии Ашқобод бо шаҳри Тошканд (соли 2017) барқарор гардида, баъдан дар ҳар ду пойтахт боғҳои “Ашқобод” ва “Тошканд” бунёд шуда, ба рамзи дӯстии ду миллат табдил ёфтаанд. Акнун Ашқобод ният дорад чунин ҳамкориҳоро бо шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд низ густариш диҳад, — гуфт шаҳрдори Ашқобод Р.Гандимов.
Дар доираи форум мулоқотҳои B2B ва B2G, тақдимоти лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намоиши имкониятҳои иқтисодӣ ва сайёҳии минтақаҳои Ӯзбекистон, инчунин намоиши аксҳои таърихӣ аз таърихи ҳаракати бародаршаҳрӣ баргузор гардид.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои форум барои зиёд шудани шабакаи шаҳрҳои бародар, ҷалби сармоягузориҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар солҳои наздик саҳми арзанда гузоранд.
Шаҳзод КЕНҶАЕВ
