Ovozi.uz

Туҳфаи бебаҳо

Китоб барои кӯдак на танҳо манбаи дониш, балки дӯсти наздик ба ҳисоб меравад. Тавассути хондани китобҳо кӯдакон бо ҷаҳони атроф шинос мешаванд, фикррониашон инкишоф меёбад ва хазинаи луғавиашон бой мегардад. Афсонаҳо, ҳикояҳо ва шеърҳо ба кӯдакон дар фаҳмидани неку бад, ҳамкорӣ, дӯстӣ ва инсонпарварӣ кӯмак мекунанд.

Ҳамаи инҳоро ба назар гирифта, тадбиркори ҷавони маҳаллаи Даштиободи ноҳияи Самарқанд ба ду синфи ибтидоии таълимгоҳи зодгоҳаш – мактаби таълими умумии рақами 47 китобҳои кӯдакона бахшид. Аз ин тӯҳфаи Рустам Бозорқулов қариб 60 нафар донишомӯзони хурдсоли мактаб шоду мамнун гардиданд ва ба ӯ ташаккури худро изҳор намуданд.

– Ин китобчаҳое, ки шодгирди собиқи мактабамон Рустам Бозорқулов ба хонандагони синфҳои яку ду тӯҳфа кард, арзиши бузурги маъанавӣ ҳам дорад, — ҳамчуни изҳори сипос гуфт ҷонишини директори мактаб Шаҳноза Болтаева. – Бачаҳо бошавқу завқ онҳоро хонда, баъди гузаштани солҳо ҳам онро ба ёд меоранд. Тӯҳфа на танҳо ба одобу ахлоқ, балки аз ҳама муҳимаш ба пешравии хониши кӯдакон такони тоза мебахшад ва барои инсонҳои соҳибмаълумоту бомарифат шуда ба воя раидани онҳо кӯмак мерасонад.